Барои зарардидагони эҳтимолии офатҳо дар Хоруғ анбори вижа ифтитоҳ шуд - видео

Обуна шудан
Анбор барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳо ва эътино” миёни КҲФ, Ҷопон ва СММ сохта шуд
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар маросими ифтитоҳи анбори васоили рӯзгор барои аҳолие, ки дар ноҳияҳои сарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд ва эҳтимол дорад, дар офатҳои табиӣ зарар бинанд, ширкат кардааст.
Ин анбор дар ҳудуди Раёсати КҲД дар ВМКБ, дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.
Дар ин маросим ҳамчунин намояндаи доими СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел, сафири Ҷопон дар кишвар Тошихиро Аики, раиси ВМКБ Алишери Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ширкат доштанд.
Ташкили паноҳгоҳи чандманзура дар ҷануби Тоҷикистон барои паноҳандагони афғонистонӣ
Намояндаи доимии СММ ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳамкориҳоро дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома хоҳанд дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, анбор имкон медиҳад, дар сурати рӯй додани офати табиӣ ва ё дигар ҳолати фавқулодда ба одамоне, ки хонаю амволи худро аз даст медиҳанд, кумаки фаврӣ расонда шавад.
Гуфта мешавад, ки дар анбор кулли лавозимоти зарурии ниёзи аввал, аз ҷумла бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои обгириву ғизопазӣ, косаву табақ, болишту кӯрпаву кӯрпачаҳо ва дигар лавозимоти ошхона нигаҳдорӣ мешаванд.

"Дар умум 60 номгӯи лавозимоти зарурии ниёзи аввал барои 150 оила дар ин анбор ҷо дода шудааст, ки 60% он барои кӯдакону наврасон мебошанд", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин чорабинӣ аз ҷониби Созмони Оқохон оид ба муҳити зист лоиҳаи бунёди паноҳгоҳи муваққатӣ барои зарардидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ эълон шуд.
Супориши Мирзонабот барои тезонидани бунёди манзил ба зарардидагони тарма дар Роштқалъа
Мувофиқи лоиҳа, сохтмон бояд моҳи май соли оянда анҷом ёбад. Ин панҷумин паноҳгоҳи муваққатӣ хоҳад буд, ки дар минтақаҳои махсусан хавфнок аз офати табиӣ дар ҳудуди кишвари мо сохта мешавад.
Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0