Путин хост, ба ИДМ мақоми нозир дар СААД дода шавад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)
Президент РФ Владимир Путин на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Президенти Русия хостори густариши ҳамкорӣ бо шарикон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шонҳой шуд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, пешниҳод кард, ки ҳамоҳангӣ дар мавқеъгириҳо дар созмонҳои байналмилалӣ миёни кишварҳои узви СААД таҳким бахшида шавад.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД муҳим хонд, ки мавқеъгириҳои дар масоили байналмилалӣ аз ҷумла аз тариқи Созмони миллали муттаҳид ҳамоҳанг гарданд.
Нуктаи дигаре, ки Путин ба он таъкид намуд, густариши ҳамкорӣ бо шарикон аз ИДМ ва СҲШ мебошад. Раисиҷумҳури Русия пешниҳод кард, ки ба ИДМ мақоми нозир дар СААД дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран СААД барои ҳамкорӣ бо кишвару созмонҳои байналмилалӣ, ки арзишҳои созмонро эътироф мекунанд, боз эълон гардид. Аз ҷумла соли 2021 мақомҳои нозиру шарики СААД ташкил гардиданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Ҳушдори Раҳмон аз вазъ дар ҷануби СААД
Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
Ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД бахшида ба 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон баргузор гардида истодааст.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақаӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0