https://sputnik.tj/20220516/putin-hadaf-ozmoishgoh-ima-pasoshuravi-1048493457.html
Путин аз ҳадафи озмоишгоҳҳои ИМА дар фазои пасошӯравӣ гуфт
Путин аз ҳадафи озмоишгоҳҳои ИМА дар фазои пасошӯравӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президент гуфт, Русия кайҳо боз дар бораи фаъолияти низомию биологии Иёлоти Муттаҳидаи амрико дар фазои пасошӯравӣ бонги изтироб зад
2022-05-16T19:00+0500
2022-05-16T19:00+0500
2022-05-16T19:14+0500
дар русия
саад
владимир путин
амрико
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047419629_0:493:2371:1827_1920x0_80_0_0_320c72a4e6fe7092599f8286864c4846.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Биолабораторияҳои ИМА дар кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷамъоварии маводи биологӣ ва омӯхтани хусусиятҳои паҳншавии вирусҳо нигаронида шудаанд.Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти СААД изҳор дошт.Президент ёдовар шуд, ки Русия кайҳо боз дар бораи фаъолияти биологии низомии ИМА дар фазои пасошӯравӣ бонги изтироб зада буд.Қаблан вазири умри хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор карда буд, фаъолияти биолабораторияҳои Амрико башариятро таҳдид ба марг мекунанд.Ба гуфтаи ӯ, Амрико дар ҷаҳон садҳо ҳазор биолаборатория дорад."Ман итминон дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ғайриқобили қабул будани чунин фаъолиятҳо, ки дар маҷмуъ бо хатарҳои марговар шумораи зиёди шаҳрвандони осоиштаро таҳдид мекунанд, минбаъд бештар итминон ҳосил хоҳад кард", - таъкид карда буд вазир.Аз ин пеш Вазорати дифои Русия аснодеро мунташир карда буд, ки дар он маълумот дар бораи сарфи беш аз 200 миллион доллари ИМА барои фаъолияти озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина мавҷуд аст.Дар қаламрави Украина беш аз 30 лабораторияи биологӣ таъсис дода шуд, ки ба манфиати Пентагон фаъолият мекарданд, гуфт генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Қӯшунҳои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологии қувваҳои мусаллаҳи Русия.Ба гуфтаи ӯ, ҳама чизи зарурӣ барои идомаи барномаи низомии биологии Иёлоти Муттаҳида пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина мунҳадим шудааст.
https://sputnik.tj/20220316/lavrov-biolaboratoriya-nizomi-amriko-jahon-video-1046835240.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047419629_0:273:2290:1990_1920x0_80_0_0_2293ee89f4e2033e7af6e6e74ff3fa13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин озмоишгоҳҳо има саад
путин озмоишгоҳҳо има саад
Путин аз ҳадафи озмоишгоҳҳои ИМА дар фазои пасошӯравӣ гуфт
19:00 16.05.2022 (Навсозишуда: 19:14 16.05.2022) Президент гуфт, Русия кайҳо боз дар бораи фаъолияти низомию биологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фазои пасошӯравӣ бонги изтироб зад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Биолабораторияҳои ИМА дар кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷамъоварии маводи биологӣ ва омӯхтани хусусиятҳои паҳншавии вирусҳо нигаронида шудаанд.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти СААД изҳор дошт.
"Чунон ки маълум аст, Пентагон дар минтақаи умумии мо даҳҳо лаборатория ва марказҳои махсуси биологӣ таъсис додааст. Ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолии он кишварҳо машғул нестанд. Вазифаи асосии онҳо ҷамъоварии маводи биологӣ ва паҳн намудани вирусу бемориҳо мебошад", - таъкид намуд роҳбари Русия.
Президент ёдовар шуд, ки Русия кайҳо боз дар бораи фаъолияти биологии низомии ИМА дар фазои пасошӯравӣ бонги изтироб зада буд.
Қаблан вазири умри хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор карда буд, фаъолияти биолабораторияҳои Амрико башариятро таҳдид ба марг мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, Амрико дар ҷаҳон садҳо ҳазор биолаборатория дорад.
"Ман итминон дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ғайриқобили қабул будани чунин фаъолиятҳо, ки дар маҷмуъ бо хатарҳои марговар шумораи зиёди шаҳрвандони осоиштаро таҳдид мекунанд, минбаъд бештар итминон ҳосил хоҳад кард", - таъкид карда буд вазир.
Аз ин пеш Вазорати дифои Русия аснодеро мунташир карда буд, ки дар он маълумот дар бораи сарфи беш аз 200 миллион доллари ИМА барои фаъолияти озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина мавҷуд аст.
Дар қаламрави Украина беш аз 30 лабораторияи биологӣ таъсис дода шуд, ки ба манфиати Пентагон фаъолият мекарданд, гуфт генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Қӯшунҳои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологии қувваҳои мусаллаҳи Русия.
Ба гуфтаи ӯ, ҳама чизи зарурӣ барои идомаи барномаи низомии биологии Иёлоти Муттаҳида пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина мунҳадим шудааст.