https://sputnik.tj/20220516/piruzi-shoira-ruhafzo-sabqat-bonuvoni-tojik-chempionat-1048479911.html
Бонуи муштзани тоҷик ба чорякфинали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт
Бонуи муштзани тоҷик ба чорякфинали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни чор бонуи тоҷикистонӣ, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс иштирок намуданд, феълан танҳо як нафар зӯрозмоиҳоро идома дода истодааст
2022-05-16T13:15+0500
2022-05-16T13:15+0500
2022-05-16T13:21+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
бонувон
чемпионат
қаҳрамонӣ
истанбул
бокс
муштзанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/10/1048480135_0:39:750:461_1920x0_80_0_0_37d06e2e6e57c968ada128067180134d.png
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон дар вазни 63 кило бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳаидун Ҷионг пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки дар чорякфинал Шоира Зулқайнарова бо Парвин аз Ҳиндустон вориди майдон мешавад. Зӯрозмоии ин бонувон 16 май дар назар аст. Муштзани дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова, ки дар вазни 50 кило дар даври аввал ҳарифаш аз Боливияро шикаст дода буд, дар муҳорибаи дуюмаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб шуд.Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон дар Истанбул ҳамчунин Сумайя Қосимова дар вазни 48 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило намояндагӣ карданд, ки муваффақ нашуданд. Сумайя Қосимова дар даври аввал аз тарафи Севда Асенова аз Булғория ва Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз тарафи Йу Тинг-Линг, намояндаи Тайпей мағлуб карда шуданд. Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардида, то 21 май идома меёбад. Дар мусобиқа 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла барои ҷои 1-ум 100 ҳазор доллар, 2-юм 50 ҳазор доллар ва ду ҷои 3-юм 25 ҳазор доллар пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20220513/haqnazarova-qahramoni-boksro-piruzi--1048410284.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/10/1048480135_42:0:709:500_1920x0_80_0_0_31acd6761260a77c3e249776d5c6d69c.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шоира, давр, чорякниҳоӣ, қаҳрамон, ҷаҳон
шоира, давр, чорякниҳоӣ, қаҳрамон, ҷаҳон
Бонуи муштзани тоҷик ба чорякфинали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт
13:15 16.05.2022 (Навсозишуда: 13:21 16.05.2022) Аз миёни чор бонуи тоҷикистонӣ, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс иштирок намуданд, феълан танҳо як нафар зӯрозмоиҳоро идома дода истодааст
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон дар вазни 63 кило бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳаидун Ҷионг пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки дар чорякфинал Шоира Зулқайнарова бо Парвин аз Ҳиндустон вориди майдон мешавад. Зӯрозмоии ин бонувон 16 май дар назар аст.
Муштзани дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова, ки дар вазни 50 кило дар даври аввал ҳарифаш аз Боливияро шикаст дода буд, дар муҳорибаи дуюмаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб шуд.
Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон дар Истанбул ҳамчунин Сумайя Қосимова дар вазни 48 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило намояндагӣ карданд, ки муваффақ нашуданд.
Сумайя Қосимова дар даври аввал аз тарафи Севда Асенова аз Булғория ва Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз тарафи Йу Тинг-Линг, намояндаи Тайпей мағлуб карда шуданд.
Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардида, то 21 май идома меёбад. Дар мусобиқа 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла барои ҷои 1-ум 100 ҳазор доллар, 2-юм 50 ҳазор доллар ва ду ҷои 3-юм 25 ҳазор доллар пешбинӣ гардидааст.