Ҷамъбасти даври 7-уми чемпионати Тоҷикистон: чемпион боз пирӯз нашуд

© Федерация футбола ТаджикистанаФК "Истиклол"
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаҳои даври 7-уми Чемпионати ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни дастаҳои Лигаи олиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон, тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар ду бозии чемпионати имсола дар ҷумҳурӣ натавонист ба пирӯзӣ даст ёбад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи "Истиқлол" дар даври 7-ум бо дастаи "Хуҷанд" вориди майдон шуда, бо ҳисоби мусовӣ - 1:1 бозиро анҷом дод. Манбаъ афзуд, ки ба голи задаи Ҷаҳонгир Эргашев, душанбегиҳо тавассути зарбаи нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ҷавоб доданд. Бозии гузаштаи "Истиқлол" бо "Хатлон"-и Бохтар низ 1:1 хотима ёфт.
Дар бозии дигар тими "Эсхата"-и Хуҷанд бар дастаи Клуби марказии варзишии артиш - КМВА бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Дилшод Бозоров аввалин хет-трикро дар мавсим иҷро кард.
Тими "Файзканд"-и Восеъ дар сафар тими "Равшан"-и Зафарободро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ду голи Шавкат Ҳотам ва голи Амирҷон Сафаров барои дастаи Восеъ се хол оварданд.
Вратарь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Дарвозабони "Равшан"-ро мошин зер кард: шарҳи табиб ва милиса
Тими "Истаравшан" пайи ҳам 4 бохт дорад ва ин дафъа "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ягона голи ин дидорро легионер Куасси Инносент ба ҳадаф расонд.
Дастаи "Хатлон"-и Бохтар дар даври ҳафтум дар меҳмонӣ "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаҳои иловагӣ дар зимни зарбаи ҷаримавӣ ба ҳадаф расонд.
Даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 22 май дар назар буда, сабқати дастаҳои "Хуҷанд" – "Истаравшан", "Хатлон" – "Равшан"-и Зафаробод, "Файзканд" – КМВА, "Истиқлол" – "Регар-ТадАЗ" сурат мегирад. Рӯзи 22 май миёни бозии тимҳои "Эсхата" – "Равшан"-и Кӯлоб дар нақша аст.
Айни ҳол дар ҷамъбасти 7-ум даври сабқат миёни дастаҳои Лигаи олӣ "Хатлон" дар ҷойи якум, КМВА - 2, "Равшан"-и Кӯлоб - 3, "Файзканд" - 4, "Эсхата" - 5, "Регар-ТадАЗ" - 6, "Хуҷанд" - 7, "Равшан"-и Зафаробод - 8, "Истаравшан" - 9, "Истиқлол" дар зинаи 10-ум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0