https://sputnik.tj/20220515/muallim-rusi-omuzgor-shughnon-1048461542.html
Муаллими забони русӣ омӯзгори сол дар Шуғнон шуд
Муаллими забони русӣ омӯзгори сол дар Шуғнон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар даври вилоятии озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2022” ноҳияи Шуғнонро муаллими забони русӣ, Шаҳноза Туробова муарррифӣ хоҳад кард
2022-05-15T13:15+0500
2022-05-15T13:15+0500
2022-05-16T15:05+0500
дар тоҷикистон
озмун
маориф
омӯзгор
шуғнон
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042486385_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_79dd50a9a4c24df78a74ce8934f8f1ed.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Шаҳноза Туробова, омӯзгори забони русии мактаби рақами 1-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозов барандаи озмони "Омӯзгори соли Тоҷикистон 2022" шуд, хабар дод "Ховар". Ба иттилои манбаъ, ба даври ниҳоии озмун 4 нафар роҳ ёфтанд ва аз миёнашон Туробова пирӯз дониста шуд. Ӯ сабқатро барои унвони "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022" дар сатҳи вилоят давом хоҳад дод. Ризо Кабиров, раиси Комиссияи озмун изҳор доштааст, ки ҳадафи аслияшон дарёфти омӯзгори навовару эҷодкор, қадрдонии заҳмат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон мебошад. Тавзеҳ дода шуд, ки довталабон аз рӯи 7 шарти пешниҳодшуда байни ҳам рақобат карданд. Аз ҷумла дарси конкурсӣ, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс дар феҳрасти талаботи озмун зикр гардидаанд.Дақиқ матраҳ намудани мавзӯъ, дода тавонистани донишҳои нав ба шогирдон, фаъол будани хонандагон дар дарс ва ҳарчӣ бештар бедор кардани завқи хонандагон нисбат ба илму дониш аз шартҳои дарси конкурсӣ будаанд. Инчунин довталабонро зарур будаст, бо истифода аз маводи таълимӣ-методӣ ва технологияи муосир таҷрибаи инноватсионии худро муаррифӣ намояд. Ба ин васила собит намояд, ки дар касби худ пешсаф аст ва ҳар дарсаш бо усулу услуб ва сабки нав ҷолибу шавқовар мегузарад. Муҳим дониста шудаст, ки омӯзгор аз тафаккури интиқодӣ бархӯрдор бошаду эродҳои ҳамкасбони худро барои пешрафти кор истифода мекунад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз камбуди дарсгузарониҳо бо шеваи куҳна интиқод намуда, барои ислоҳи камбудиҳою беҳтар намудани сифати таълим дастур дод.
https://sputnik.tj/20211221/pisaram-rahmon-vaziron-vakilon-1044288176.html
шуғнон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042486385_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_471a19220692e5510193d8883801b7e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муаллим, забони русӣ, омӯзгор, сол, шуғнон
муаллим, забони русӣ, омӯзгор, сол, шуғнон
Муаллими забони русӣ омӯзгори сол дар Шуғнон шуд
13:15 15.05.2022 (Навсозишуда: 15:05 16.05.2022) Дар даври вилоятии озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022” ноҳияи Шуғнонро муаллими забони русӣ Шаҳноза Туробова муарррифӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Шаҳноза Туробова, омӯзгори забони русии мактаби рақами 1-и ҷамоати деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозов барандаи озмони "Омӯзгори соли Тоҷикистон 2022" шуд, хабар дод "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, ба даври ниҳоии озмун 4 нафар роҳ ёфтанд ва аз миёнашон Туробова пирӯз дониста шуд. Ӯ сабқатро барои унвони "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022" дар сатҳи вилоят давом хоҳад дод.
Ризо Кабиров, раиси Комиссияи озмун изҳор доштааст, ки ҳадафи аслияшон дарёфти омӯзгори навовару эҷодкор, қадрдонии заҳмат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон мебошад.
Тавзеҳ дода шуд, ки довталабон аз рӯи 7 шарти пешниҳодшуда байни ҳам рақобат карданд.
Аз ҷумла дарси конкурсӣ, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс дар феҳрасти талаботи озмун зикр гардидаанд.
Дақиқ матраҳ намудани мавзӯъ, дода тавонистани донишҳои нав ба шогирдон, фаъол будани хонандагон дар дарс ва ҳарчӣ бештар бедор кардани завқи хонандагон нисбат ба илму дониш аз шартҳои дарси конкурсӣ будаанд.
Инчунин довталабонро зарур будаст, бо истифода аз маводи таълимӣ-методӣ ва технологияи муосир таҷрибаи инноватсионии худро муаррифӣ намояд. Ба ин васила собит намояд, ки дар касби худ пешсаф аст ва ҳар дарсаш бо усулу услуб ва сабки нав ҷолибу шавқовар мегузарад.
Муҳим дониста шудаст, ки омӯзгор аз тафаккури интиқодӣ бархӯрдор бошаду эродҳои ҳамкасбони худро барои пешрафти кор истифода мекунад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз камбуди дарсгузарониҳо бо шеваи куҳна интиқод намуда, барои ислоҳи камбудиҳою беҳтар намудани сифати таълим дастур дод.