Борони кӯтоҳмуддату жола: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрохожие гуляют по скверу под зонтами
Прохожие гуляют по скверу под зонтами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Обуна шудан
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барфрезии кӯтоҳмуддат ва дар бархе аз минтақаҳои шимоли Тоҷикистон боридани жола дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад, хабар дод Ожонси ҳавошиносии ҶТ.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, шабона дар шарқи вилоят боришоти сусти барф пешгӯй шудааст, хабар дод "Ховар" аз Ожонс.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар шарқи ВМКБ шабона аз 2 то 3 дараҷа хунук, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи Суғд борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар баъзе минтақаҳо борони бошиддат меборад.
"Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Сел киштзорҳои шарқи Тоҷикистонро зер кардааст
Дар вилояти Хатлон низ борони кӯтоҳмуддат дар назаст, ки дар бархе минтақаҳо шиддат мегирад. меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм ва дар қисматҳои куҳӣ 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳри Душанберо ҳам борони кӯтоҳмуддат интизор буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа гарм ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад, афзуд Ожонси ҳавошиносӣ.
Лентаи хабарҳо
0