https://sputnik.tj/20220513/rustami-emomali-senat-qazoqiston-sarmoyaguzori-1048420570.html
Рустами Эмомалӣ аз раиси Сенати Қазоқистон сармоягузорӣ хост
Рустами Эмомалӣ аз раиси Сенати Қазоқистон сармоягузорӣ хост
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг ва низомиву амниятиро баррасӣ намуданд 13.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-13T15:55+0500
2022-05-13T15:55+0500
2022-05-13T18:10+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
маҷлиси миллӣ
ҳамкорӣ
иқтисодӣ
муносибот
қазоқистон
сенат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0d/1048420100_0:0:791:445_1920x0_80_0_0_d9f1fbd989c176e1c6e539575cca5266.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Таҳкими марз бо Афғонистон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ аз мавзуъҳои меҳварии музокироти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маулен Ашимбоев, роҳбари Сенати Қазоқистон буд. Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ хабар дода афзуд, ки музокирот бо ҳузури ҳайати васеи ҷонибҳо баргузор шуд. "Масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг ва низомиву амниятӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд", - омадааст дар иттилоия.Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кардааст. "Дар робита ба мавзуи таъмини амнияти минтақаӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шуморида шуд", - омадааст дар иттилоия. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки муносибатҳои байнидавлатии муосири Тоҷикистону Қазоқистон тавассути саъю талоши роҳбарони ду давлат сатҳи шарикии стратегиро касб намудаанд.Заминаи васеи шартномавию ҳуқуқӣ ва муколамаи доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо аз омилҳои мусоидаткунанда барои густариши ҳамкориҳо арзёбӣ шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон буда, гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда буд.
https://sputnik.tj/20220506/tojikiston-qazoqiston-kumak-bashardustona-daryoft-1048248155.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0d/1048420100_87:0:680:445_1920x0_80_0_0_ab12ccdbd0e43070280923b71bf79b68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , маҷлиси миллӣ, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, муносибот, қазоқистон, сенат
дар тоҷикистон, сиёсат , маҷлиси миллӣ, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, муносибот, қазоқистон, сенат
Рустами Эмомалӣ аз раиси Сенати Қазоқистон сармоягузорӣ хост
15:55 13.05.2022 (Навсозишуда: 18:10 13.05.2022) Ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг ва низомиву амниятиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Таҳкими марз бо Афғонистон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ аз мавзуъҳои меҳварии музокироти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Маулен Ашимбоев, роҳбари Сенати Қазоқистон буд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ хабар дода афзуд, ки музокирот бо ҳузури ҳайати васеи ҷонибҳо баргузор шуд.
"Масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, маорифу фарҳанг ва низомиву амниятӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буданд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ, амалигардонии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷалб кардааст.
"Дар робита ба мавзуи таъмини амнияти минтақаӣ, бахусус вазъи мураккаби Афғонистон идомаи ҳамкории босамари кишварҳо дар бахши ҳарбию техникӣ зарур шуморида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки муносибатҳои байнидавлатии муосири Тоҷикистону Қазоқистон тавассути саъю талоши роҳбарони ду давлат сатҳи шарикии стратегиро касб намудаанд.
Заминаи васеи шартномавию ҳуқуқӣ ва муколамаи доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо аз омилҳои мусоидаткунанда барои густариши ҳамкориҳо арзёбӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон буда, гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда буд.