https://sputnik.tj/20220513/rusiya-tojikiston-kherson-berun-1048418649.html
Русия тоҷикистониҳоро аз Херсон берун кард
Русия тоҷикистониҳоро аз Херсон берун кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар миёни афроди хориҷие, ки мақомоти низомии Русия аз вилояти Херсон берун овардаанд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд
2022-05-13T13:55+0500
2022-05-13T13:55+0500
2022-05-13T13:55+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
низомӣ
интиқол
херсон
шаҳрвандони тоҷикистон
тахлия
вазорати мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0d/1048416296_0:82:3353:1968_1920x0_80_0_0_a87f3a5f616621dd248648ff929ba96c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Низомиёни Русия ҳудуди 127 русиягӣ ва шаҳрвандони хориҷиро аз вилояти Херсон ба ҷои амн интиқол додаанд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод. "Ахиран аз вилояти Херсон интиқоли бехатари шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Сурия, Озарбойҷон, Молдова ва Украина ташкил карда шуд", - омадааст дар иттилоия.Таъкид гардидааст, ки хориҷиҳо низ ба қаламрави Русия интиқол ёфтаанд. Инчунин зикр гардидааст, ки сокинони осоиштаи Херсон низ бо мошинҳои шахсияшон таҳти таъмини амнияти низомиён ба Русия омадаанд. Таъкид шудааст, ки ин иқдом дар натиҷаи муроҷиати намояндагони сафоратҳои хориҷӣ ба Комендатураи низомии Русия дар Херсон роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмуъ аз оғози амалиёти низомӣ ҳудуди 700 хориҷӣ аз Херсон берун оварда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки Херсон 1-уми март аз ҷониби низомиёни Русия пурра зери назорат гирифта шуд. Феълан мақомдорон бозгашти минтақаро ба Украина ғайриимкон медонанд.Мақомоти вилояти Херсон бо як муроҷиатнома унвонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ворид шудан ба қаламрави ФР-ро дархост хоҳанд кард, изҳор дошт ноиби раиси ҳукумати низомӣ-шаҳрвандии Херсон Кирилл Стремоусов. Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳанд кард. Дар навбати худ роҳбари минтақа Владимир Салдо гуфт, вилоят аллакай қисми ҷудонашаванди Русия мебошад.
https://sputnik.tj/20220511/maqomot-kherson-raypursi-rusiya-1048367774.html
херсон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0d/1048416296_310:0:3041:2048_1920x0_80_0_0_673c5e08978966ba58855ba16487b930.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, херсон, русия, берун
тоҷикистон, херсон, русия, берун
Русия тоҷикистониҳоро аз Херсон берун кард
Дар миёни афроди хориҷие, ки мақомоти низомии Русия аз вилояти Херсон берун овардаанд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Низомиёни Русия ҳудуди 127 русиягӣ ва шаҳрвандони хориҷиро аз вилояти Херсон ба ҷои амн интиқол додаанд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
"Ахиран аз вилояти Херсон интиқоли бехатари шаҳрвандони Русия, Тоҷикистон, Сурия, Озарбойҷон, Молдова ва Украина ташкил карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидааст, ки хориҷиҳо низ ба қаламрави Русия интиқол ёфтаанд. Инчунин зикр гардидааст, ки сокинони осоиштаи Херсон низ бо мошинҳои шахсияшон таҳти таъмини амнияти низомиён ба Русия омадаанд.
Таъкид шудааст, ки ин иқдом дар натиҷаи муроҷиати намояндагони сафоратҳои хориҷӣ ба Комендатураи низомии Русия дар Херсон роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмуъ аз оғози амалиёти низомӣ ҳудуди 700 хориҷӣ аз Херсон берун оварда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Херсон 1-уми март аз ҷониби низомиёни Русия пурра зери назорат гирифта шуд. Феълан мақомдорон бозгашти минтақаро ба Украина ғайриимкон медонанд.
Мақомоти вилояти Херсон бо як муроҷиатнома унвонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ворид шудан ба қаламрави ФР-ро дархост хоҳанд кард, изҳор дошт ноиби раиси ҳукумати низомӣ-шаҳрвандии Херсон Кирилл Стремоусов.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳанд кард. Дар навбати худ роҳбари минтақа Владимир Салдо гуфт, вилоят аллакай қисми ҷудонашаванди Русия мебошад.