https://sputnik.tj/20220513/qarib-rusiya-putin-bovar-1048428573.html
Қариб 80%-и русиягиҳо ба Путин бовар доранд
Қариб 80%-и русиягиҳо ба Путин бовар доранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар зимн теъдоди онҳое, ки аз кори президенти Русия розӣ нестанд 14% арзёбӣ шуда, шумори онҳое, ки ба ӯ бовар надоранд, ҳудуди 16%-ро ташкил додаст
2022-05-13T19:40+0500
2022-05-13T19:40+0500
2022-05-13T19:40+0500
дар русия
иҷтимоъ
боварҳои мардумӣ
эътимод
назарпурсӣ
фаъолият
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047809518_0:207:3068:1933_1920x0_80_0_0_c735492107ff7fb2bf1dc65ad9379259.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ба президенти Русия Владимир Путин 79,9%-и шаҳрвандони кишвар эътимод доранд, иттилоъ дод Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум дар пайи анҷоми як назарпурсӣ. Ба иттилои манбаъ, 77,2% аз кори ӯ ҷонибдорӣ мекунанд. Боварӣ ва баҳои русиягиҳо ба фаъолияти Владимир Путин аз 2 то 8 май арзёбӣ шудааст. Дар маҷмуъ дар назарпурсӣ 1600 нафари беш аз 18-сола иштирок кардаанд. Дар зимн теъдоди онҳое, ки аз кори президенти Русия розӣ нестанд, 14% арзёбӣ шуда, шумори онҳое, ки ба ӯ бовар надоранд, ҳудуди 16%-ро ташкил додааст. Қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд. Ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад, афзуд коршинос.Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220512/putin-ittihodi-avrupo-oqibat-tahrim-hushdor-dod-1048399970.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047809518_337:0:3068:2048_1920x0_80_0_0_2fb5df7bbf9605baaeaf80f4cf4673e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фоиз, путин, бовар, русиягиҳо
фоиз, путин, бовар, русиягиҳо
Қариб 80%-и русиягиҳо ба Путин бовар доранд
Дар зимн теъдоди онҳое, ки аз кори президенти Русия розӣ нестанд, 14% арзёбӣ шуда, шумори онҳое, ки ба ӯ бовар надоранд, ҳудуди 16%-ро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ба президенти Русия Владимир Путин 79,9%-и шаҳрвандони кишвар эътимод доранд, иттилоъ дод Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум дар пайи анҷоми як назарпурсӣ. Ба иттилои манбаъ, 77,2% аз кори ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.
Боварӣ ва баҳои русиягиҳо ба фаъолияти Владимир Путин аз 2 то 8 май арзёбӣ шудааст. Дар маҷмуъ дар назарпурсӣ 1600 нафари беш аз 18-сола иштирок кардаанд.
Дар зимн теъдоди онҳое, ки аз кори президенти Русия розӣ нестанд, 14% арзёбӣ шуда, шумори онҳое, ки ба ӯ бовар надоранд, ҳудуди 16%-ро ташкил додааст.
Қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд. Ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад, афзуд коршинос.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.