https://sputnik.tj/20220513/nurihoi-minerali-tojikiston-arzon-1048436120.html
Нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон омодагии худро дар ҷиҳати ҳамкории “Узкимиёсаноат” ва ширкатҳои зиррабти кишвар эълон кардаанд
2022-05-13T22:00+0500
2022-05-13T22:00+0500
2022-05-13T22:00+0500
дар тоҷикистон
саноат
кимиёвӣ
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045037969_272:0:1712:810_1920x0_80_0_0_edd2ad00b8fe8bab59d8419858fdb1ab.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Ин эълон дар пайи дидори сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Ҷамъияти саҳомии “Узкимиёсаноат”-и Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов дар Тошканд расонаӣ шуд.Тасмими мазкури ду ҳамсоякишвар дар ҳоле иттихоз шудааст, ки дарёфти нерӯҳои минералӣ бо қимати дастрас дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаи кишоварзони кишвар гуфта мешавад.Дар ҳоле ки аз ҳеҷ гуна тазмини пойинравии қимати нерӯҳои минералӣ дар ин хабар тазаккур дода намешавад, сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гуфтааст, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ва дар ин замина таъмини бозори Тоҷикистон бо нуриҳои минералӣ изҳор намуданд.Ҳамзамон дар ин дидор густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни “Узкимиёсаноат” ва ширкатҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид.Дар анҷоми вохӯрӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода миннатдории худро ба корхонаи “Узкимиёсаноат” барои дастгирӣ ва таъмини корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо маҳсулоти кимиёвӣ баён намуд.Хотиррасон менамоем, ки ширкати давлатии саҳҳомии “Узкимиёсаноат” аз чанд корхонаи саноати кимиёӣ иборат мебошад, ки асосан нуриҳои минералӣ истеҳсол ва содир менамоянд. Ширкат инчунин барномаҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва маркетингиро дар соҳаи сманоати кимиё таҳия ва амалӣ месозад.
https://sputnik.tj/20220513/safari-norov-dushanbe-uzbekiston-1048413244.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045037969_452:0:1532:810_1920x0_80_0_0_fc6c5335408a24c706cad4ad6e70a564.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нерӯҳои минералӣ, ӯзбекистон, шаркат, “узкимиёсаноат”, ҳамкорӣ, тиҷорат
тоҷикистон, нерӯҳои минералӣ, ӯзбекистон, шаркат, “узкимиёсаноат”, ҳамкорӣ, тиҷорат
Нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон омодагии худро дар ҷиҳати ҳамкории “Узкимиёсаноат” ва ширкатҳои зирабти кишвар эълон кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Ин эълон дар пайи дидори сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Ҷамъияти саҳомии “Узкимиёсаноат”-и Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов дар Тошканд расонаӣ шуд.
Тасмими мазкури ду ҳамсоякишвар дар ҳоле иттихоз шудааст, ки дарёфти нерӯҳои минералӣ бо қимати дастрас дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаи кишоварзони кишвар гуфта мешавад.
Дар ҳоле ки аз ҳеҷ гуна тазмини пойинравии қимати нерӯҳои минералӣ дар ин хабар тазаккур дода намешавад, сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гуфтааст, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ва дар ин замина таъмини бозори Тоҷикистон бо нуриҳои минералӣ изҳор намуданд.
Ҳамзамон дар ин дидор густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни “Узкимиёсаноат” ва ширкатҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода миннатдории худро ба корхонаи “Узкимиёсаноат” барои дастгирӣ ва таъмини корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо маҳсулоти кимиёвӣ баён намуд.
Хотиррасон менамоем, ки ширкати давлатии саҳҳомии “Узкимиёсаноат” аз чанд корхонаи саноати кимиёӣ иборат мебошад, ки асосан нуриҳои минералӣ истеҳсол ва содир менамоянд. Ширкат инчунин барномаҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва маркетингиро дар соҳаи сманоати кимиё таҳия ва амалӣ месозад.