https://sputnik.tj/20220513/navori-amaliyoti-charkhboli-ka-52-ukraina-1048431953.html
Нашри видеои амалиёти навбатии чархболи "Ка-52" дар Украина
Нашри видеои амалиёти навбатии чархболи "Ка-52" дар Украина
Sputnik Тоҷикистон
Намоиш дода мешавад, ки халабон баъди гирифтани маълумоти иктишофӣ ба макони ҳариф зарба мезанаду моҳирона аз зарбаҳои ҷавобӣ канор меравад
2022-05-13T20:40+0500
2022-05-13T20:40+0500
2023-10-02T17:11+0500
видео
амалиёт
чархбол
вазорати мудофиа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0d/1048430876_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_ff1aa0f72e3f15d24bba32a575a5641e.jpg
Вазорати дифои Русия видеои амалиёти чархболҳои иктишофӣ ва ҳамлагари "Ка-52" маъруф ба "Аллигатор" дар Украинаро нашр кардааст. Бар асоси ин видео, халабон бо истифода аз маълумоти пешакӣ гирифташуда мушакҳои идоранашавандаро партоб мекунад, ки ба такягоҳи душман зарба мезананд. Дар пайи ин бо анҷоми гардиши моҳирона чархбол домҳои ҳароратӣ мепартояд, то аз зарбаи рақиб эмин монад. Таъкид гардид, майдони ҳавоие, ки чархболҳои Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ аз он ҷо парвоз мекунанд, бетанаффус фаъолият мекунанд. Дар ҳоле ки бархе аз халабонҳо баъди анҷоми вазифаи гузошташуда ба мақарри худ бармегарданд, бархеи дигар барои парвоз омодагӣ мебинанд. Муҳосираи артиши Украина дар наздикии АвдеевкаВазорати дифоъ мегӯяд, чархболҳои "Ка-52" барои иҷрои вазифаҳои ҷангии гузошташуда, ҷуфт-ҷуфт фиристода мешаванд, то ҳамдигарро дар осмон пуштибонӣ намоянд. Зикр шудааст, ки чархболҳо аз масофаи чандин километр ба техникаю нерӯи рақиб зарба мезананд. Илова бар ин чархболҳо қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ карда, ба мошинҳои зиреҳпӯш, инфрасохтори зарбӣ, нерӯ ва амволи низомии рақиб зарба мезананд. Пуштибонии нерӯҳои заминӣ аз вазифаҳои дигари ин чархболҳо дар амалиёти низомӣ арзёбӣ гардидааст. Зикр мешавад, ки парвозҳо дар баландии камтар аз замин анҷом дода мешаванд ва ҳар бори мушоҳидаи партоби мушкии рақиб чархболҳо амалиёти ҷавобӣ анҷом медиҳанд, то эмин бимонанд. Халабонҳо мегӯянд, ба далели ҳаҷми хурд ва қобилияти хуби ҳаракати ҳартарафа мушоҳида кардани "Ка-52" аз замин нисбатан мушкилтар мебошад. Таъкид гардид, ки ҳар бор масири парвозҳо иваз карда мешаванд, то рақиб камин нагирад.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Минобороны показали кадры работы вертолетов Ка-52
Sputnik Тоҷикистон
Минобороны показали кадры работы вертолетов Ка-52 в ходе спецоперации на Украине.
2022-05-13T20:40+0500
true
PT0M51S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0d/1048430876_446:0:1886:1080_1920x0_80_0_0_4ab40dc8c7e9154e23a643e12b265b3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навор, амалиёт, чархбол, украина
навор, амалиёт, чархбол, украина
Нашри видеои амалиёти навбатии чархболи "Ка-52" дар Украина
20:40 13.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Намоиш дода мешавад, ки халабон баъди гирифтани маълумоти иктишофӣ ба макони ҳариф зарба мезанаду моҳирона аз зарбаҳои ҷавобӣ канор меравад
Вазорати дифои Русия видеои амалиёти чархболҳои иктишофӣ ва ҳамлагари "Ка-52" маъруф ба "Аллигатор" дар Украинаро нашр кардааст.
Бар асоси ин видео, халабон бо истифода аз маълумоти пешакӣ гирифташуда мушакҳои идоранашавандаро партоб мекунад, ки ба такягоҳи душман зарба мезананд.
Дар пайи ин бо анҷоми гардиши моҳирона чархбол домҳои ҳароратӣ мепартояд, то аз зарбаи рақиб эмин монад.
Таъкид гардид, майдони ҳавоие, ки чархболҳои Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ аз он ҷо парвоз мекунанд, бетанаффус фаъолият мекунанд. Дар ҳоле ки бархе аз халабонҳо баъди анҷоми вазифаи гузошташуда ба мақарри худ бармегарданд, бархеи дигар барои парвоз омодагӣ мебинанд.
Вазорати дифоъ мегӯяд, чархболҳои "Ка-52" барои иҷрои вазифаҳои ҷангии гузошташуда, ҷуфт-ҷуфт фиристода мешаванд, то ҳамдигарро дар осмон пуштибонӣ намоянд. Зикр шудааст, ки чархболҳо аз масофаи чандин километр ба техникаю нерӯи рақиб зарба мезананд.
Илова бар ин чархболҳо қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ карда, ба мошинҳои зиреҳпӯш, инфрасохтори зарбӣ, нерӯ ва амволи низомии рақиб зарба мезананд. Пуштибонии нерӯҳои заминӣ аз вазифаҳои дигари ин чархболҳо дар амалиёти низомӣ арзёбӣ гардидааст.
Зикр мешавад, ки парвозҳо дар баландии камтар аз замин анҷом дода мешаванд ва ҳар бори мушоҳидаи партоби мушкии рақиб чархболҳо амалиёти ҷавобӣ анҷом медиҳанд, то эмин бимонанд.
Халабонҳо мегӯянд, ба далели ҳаҷми хурд ва қобилияти хуби ҳаракати ҳартарафа мушоҳида кардани "Ка-52" аз замин нисбатан мушкилтар мебошад. Таъкид гардид, ки ҳар бор масири парвозҳо иваз карда мешаванд, то рақиб камин нагирад.