Лавров: Ғарб ҳадафҳои худро болои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳмил мекунад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Обуна шудан
Русия ва шарикони СПАД ба иқдомоти якҷонибаи Ғарб, ки ҳадафаш аз байн бурдани равобити тиҷорӣ ва логистикӣ мебошанд, мухолифанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мавқеи кишварҳои ғарбиро, ки аз ҷамоҳири дигар дархост мекунанд, ба таҳримҳои зидди Федератсияи Русия пайваст шаванд, беадабона ва густохӣ хонд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарӣ дар пайи ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе изҳор дошт.
Лавров таъкид кард, ки дар ин замина "безарар" будани хоҳиши Украина барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо шубҳаҳоро ба вуҷуд меорад.
"Он чизе ки мо дар амалкарди Ғарб мебинем, амалест, ки ман онро "нафрати байналмилалӣ" меномам", - афзуд Лавров.
Ба гуфтаи Лавров, Русия ва шарикони он дар СПАД ба иқдомоти якҷонибаи Ғарб, ки ҳадафаш аз байн рафтани равобити тиҷорӣ ва логистикӣ ҳастанд, мухолифанд.
"ИА аз як шарик ба як бозигари хашмгин ва ҷангҷӯ мубаддал шудааст. Ҳадафҳои худро бар сари кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳмил мекунад", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0