https://sputnik.tj/20220512/tuy-farzand-kulob-jarimai-modar-1048383410.html
Тӯйи фарзанд дар Кӯлоб бо ҷаримаи модар поён ёфт: ду рӯз зиёфат додааст
Тӯйи фарзанд дар Кӯлоб бо ҷаримаи модар поён ёфт: ду рӯз зиёфат додааст
Sputnik Тоҷикистон
Сокини шаҳри Кӯлоб барои маъракаи хурсандияш як рӯз иҷозат гирифту ду рӯз гузаронид. Мақомот ӯро ба Қонуни танзим муттаҳам карданд
2022-05-12T12:13+0500
2022-05-12T12:13+0500
2022-05-12T12:49+0500
дар тоҷикистон
ҷарима
иҷтимоъ
қонуни танзими ҷашну маросим
прокуратураи генералӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/44/1028624463_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_124d4b290a7e216c168aeb05a7533f3c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Додгоҳи шаҳри кӯлоб шаҳрванд Маҷидова Кенҷаморо барои нақзи Қонуни танзим ҷарима кардааст. Ин ниҳоди қазоӣ мегӯяд, ин шаҳрванди кишвар иҷозаи мақомотро сарфи назар кардааст.Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, Маҷидова Кенҷамо барои гузаронидани маъракаи тӯйи арӯсии фарзандаш аз бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Кӯлоб тавсиянома гирифта, аммо вақти баргузор намудани маъракаро риоя накардааст.Гуфта мешавад, ӯ 12 феврали соли ҷорӣ, аз соати 12:25 дақиқа бо оростани дастархон дигаррон ба зиёфати тӯй даъват карда, маърака оғоз кардааст.Номбурда ҳамзамон санаи 13 феврал, аз соати 18:30 то 21:30 дар тарабхонаи "Тоҳир" бо оростани зиёфат барои 120 нафар ва иштироки санъаткорон маъракаи тӯйи арӯсии фарзандашро бо базму бозӣ идома додааст.Ҳамин тариқ додгоҳ Маҷидова Кенҷаморо бо моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда, баробар ба 6400 сомонӣ ҷарима кардааст.Кумитаи дини Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ беш аз 123,3 ҳазор тӯй ва дигар расму оинҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ ҷарима барои нақзи қонуни мазкур 3 миллиону 960 ҳазор сомониро ташкил додааст.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар кишвар тайи 15 соли татбиқи қонуни танзим беш аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст.Ёдовар мешавем, ки Қонуни танзими анъана ва ҷашну ойинҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд. Он хароҷоти молӣ ва шумораи меҳмонон дар маросим ва идҳоро танзим мекунад.Бо вуҷуди ҷаримаҳои зиёд, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол қонуни давлатиро нақз мекунанд. Қобили зикр аст, ки нақзи қонун аз тарафи шахсони воқеӣ аз 100 то 110 нишондиҳанда ҷаримаро ташкил медиҳад.Маблағи ҷаримаи шахсони мансабдор аз 550 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахсони ҳуқуқӣ аз 800 нишондиҳанда муаян шудааст.
https://sputnik.tj/20220502/maqomot-oghozi-tatbiqi-qonuni-tanzim-somoni-sarfa-1048135923.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102862/44/1028624463_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_270c93e3b4c659acf362688adf00f10e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тӯй фарзанд кӯлоб ҷарима модар
тӯй фарзанд кӯлоб ҷарима модар
Тӯйи фарзанд дар Кӯлоб бо ҷаримаи модар поён ёфт: ду рӯз зиёфат додааст
12:13 12.05.2022 (Навсозишуда: 12:49 12.05.2022) Як сокини шаҳри Кӯлоб барои маъракаи хурсандияш як рӯз иҷозат гирифту онро тайи ду рӯз баргузор кард. Мақомот ӯро ба нақзи Қонуни танзим муттаҳам карданд
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Додгоҳи шаҳри кӯлоб шаҳрванд Маҷидова Кенҷаморо барои нақзи Қонуни танзим ҷарима кардааст. Ин ниҳоди қазоӣ мегӯяд, ин шаҳрванди кишвар иҷозаи мақомотро сарфи назар кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, Маҷидова Кенҷамо барои гузаронидани маъракаи тӯйи арӯсии фарзандаш аз бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Кӯлоб тавсиянома гирифта, аммо вақти баргузор намудани маъракаро риоя накардааст.
Гуфта мешавад, ӯ 12 феврали соли ҷорӣ, аз соати 12:25 дақиқа бо оростани дастархон дигаррон ба зиёфати тӯй даъват карда, маърака оғоз кардааст.
Номбурда ҳамзамон санаи 13 феврал, аз соати 18:30 то 21:30 дар тарабхонаи "Тоҳир" бо оростани зиёфат барои 120 нафар ва иштироки санъаткорон маъракаи тӯйи арӯсии фарзандашро бо базму бозӣ идома додааст.
Ҳамин тариқ додгоҳ Маҷидова Кенҷаморо бо моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда, баробар ба 6400 сомонӣ ҷарима кардааст.
Кумитаи дини Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ беш аз 123,3 ҳазор тӯй ва дигар расму оинҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ ҷарима барои нақзи қонуни мазкур 3 миллиону 960 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар кишвар тайи 15 соли татбиқи қонуни танзим беш аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни танзими анъана ва ҷашну ойинҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд. Он хароҷоти молӣ ва шумораи меҳмонон дар маросим ва идҳоро танзим мекунад.
Бо вуҷуди ҷаримаҳои зиёд, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол қонуни давлатиро нақз мекунанд. Қобили зикр аст, ки нақзи қонун аз тарафи шахсони воқеӣ аз 100 то 110 нишондиҳанда ҷаримаро ташкил медиҳад.
Маблағи ҷаримаи шахсони мансабдор аз 550 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахсони ҳуқуқӣ аз 800 нишондиҳанда муаян шудааст.