https://sputnik.tj/20220512/muhriddin-bo-lebedev-muloqot-kard-1048381854.html
Муҳриддин бо Лебедев мулоқот кард
Муҳриддин бо Лебедев мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ карданд
2022-05-12T11:50+0500
2022-05-12T11:50+0500
2022-05-12T12:59+0500
дар тоҷикистон
вух-и тоҷикистон
сергей лебедев
сироҷиддин муҳриддин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_2e6a2a5a669444869b82ca9ddc0666f8.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ сурат гирифт.Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода афзудааст, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лебедев рӯзи 12 май дар дафтари вазорат сурат гирифт.Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи иттиҳод баррасӣ карда, перомуни рӯзномаи минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Ҳамзамон Лебедев ба вазири тоҷик дар бораи омодагиҳо ба ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони умури хориҷӣ маълумот додЁдовар мешавем, ки рӯзи 13 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.Дар ҷаласа иштироки вазирони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.Рӯзи 11 май вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров барои иштирок дар ҷаласаи мазкур вориди Душанбе шуд.
https://sputnik.tj/20220511/lavrov-shirkat-nishast-vaziron-idm-dushanbe-1048376662.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_db40810332627bbeb524a76379a079d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироҷиддин муҳриддин сеогей лебедев идм душанбе
сироҷиддин муҳриддин сеогей лебедев идм душанбе
Муҳриддин бо Лебедев мулоқот кард
11:50 12.05.2022 (Навсозишуда: 12:59 12.05.2022) Ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи барномаҳои Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода афзудааст, ки мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лебедев рӯзи 12 май дар дафтари вазорат сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи иттиҳод баррасӣ карда, перомуни рӯзномаи минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон Лебедев ба вазири тоҷик дар бораи омодагиҳо ба ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони умури хориҷӣ маълумот дод
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Дар ҷаласа иштироки вазирони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.
Рӯзи 11 май вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров барои иштирок дар ҷаласаи мазкур вориди Душанбе шуд.