https://sputnik.tj/20220512/khf-borongariho-tojikiston-sel-obkhezi-1048398758.html
КҲФ: Чор рӯзи боронгариҳо дар Тоҷикистон боиси селу обхезиҳо мешавад
КҲФ: Чор рӯзи боронгариҳо дар Тоҷикистон боиси селу обхезиҳо мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, боронгариҳо боиси баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо гардида, хатари зери об мондани майдонҳои кишт мавҷуд аст
2022-05-12T17:50+0500
2022-05-12T17:50+0500
2022-05-12T19:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
борон
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/62/1022686220_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_e4812d2d01faea729562706e8cc392e9.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Боронгариҳои шадид то чор рӯзи дигар идома хоҳанд кард, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.Ин ниҳод бо истинод ба Ожонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, рӯзҳои 14-15 май ба истиснои ВМКБ дар дигар минтақаҳо боронгарии шадид мешавад, ки дар натиҷа сатҳи оби рӯдхонаҳо баланд шуда, ба сокинон метавонад хисороти калон расонад.Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 16 май боронгариҳо идома ёфта, сабабгори омадани сел мешаванд.Илова бар ин КҲФ ҳушдор медиҳад, ки боронҳо дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, таллу теппаҳо метавонанд боиси рониши замин, канда шудани садҳои зидди сел, харобии пулҳои мошингузару одамгузар шаванд. Дар ҳамин ҳол кумита аз сокинон дархост намудааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Зимнан ин ниҳод аз сокинони минтақаҳое, ки селфароӣ онҳоро таҳдид мекунад, хоҳиш намудааст, ки аз тариқи ҳашар ҷӯю каналҳоро аз сангу хасрӯба тоза намоянд.Маврид ба зикр аст, ки боронгариҳои шадид дар Тоҷикистон чанде боз идома доранд ва дар баъзе ноҳияҳо роҳу пулҳо ва майдонҳои кишт хароб гардида, шумори зиёди чорвои мардум талаф ёфт. Хушбахтона, селу обхезиҳои баҳори имсол дар Тоҷикистон талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.
https://sputnik.tj/20220511/sel-gektar-kisht-sharq-tojikiston-zer-1048364082.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/62/1022686220_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_78431bcf42dac6b76ddf9022d2b14da7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф тоҷикистон борон ҳушдор
кҳф тоҷикистон борон ҳушдор
КҲФ: Чор рӯзи боронгариҳо дар Тоҷикистон боиси селу обхезиҳо мешавад
17:50 12.05.2022 (Навсозишуда: 19:49 12.05.2022) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, боронгариҳо боиси баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо гардида, хатари зери об мондани майдонҳои киштро ба вуҷуд меоранд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Боронгариҳои шадид то чор рӯзи дигар идома хоҳанд кард, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ин ниҳод бо истинод ба Ожонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, рӯзҳои 14-15 май ба истиснои ВМКБ дар дигар минтақаҳо боронгарии шадид мешавад, ки дар натиҷа сатҳи оби рӯдхонаҳо баланд шуда, ба сокинон метавонад хисороти калон расонад.
Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 16 май боронгариҳо идома ёфта, сабабгори омадани сел мешаванд.
Илова бар ин КҲФ ҳушдор медиҳад, ки боронҳо дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, таллу теппаҳо метавонанд боиси рониши замин, канда шудани садҳои зидди сел, харобии пулҳои мошингузару одамгузар шаванд.
Дар ҳамин ҳол кумита аз сокинон дархост намудааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
"Рафтан ба шикор, ғунучини ҳезум ва рустаниҳои дорувор, занбӯруғҳо ва ё рафтан ба соҳили кӯлу обанборҳо барои моҳидорӣ маслиҳат нест", - омадааст дар хабари кумита.
Зимнан ин ниҳод аз сокинони минтақаҳое, ки селфароӣ онҳоро таҳдид мекунад, хоҳиш намудааст, ки аз тариқи ҳашар ҷӯю каналҳоро аз сангу хасрӯба тоза намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки боронгариҳои шадид дар Тоҷикистон чанде боз идома доранд ва дар баъзе ноҳияҳо роҳу пулҳо ва майдонҳои кишт хароб гардида, шумори зиёди чорвои мардум талаф ёфт. Хушбахтона, селу обхезиҳои баҳори имсол дар Тоҷикистон талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.