https://sputnik.tj/20220511/nakhustin-namoyanda-tolibon-dushanbe-1048376274.html
Нахустин намояндаи толибон ба Душанбе омад
Нахустин намояндаи толибон ба Душанбе омад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо ҳукумати феълии Афғонистонро қабул надорад ва аз гуфтугузор бо толибон худдорӣ мекунад
2022-05-11T21:30+0500
2022-05-11T21:30+0500
2022-05-11T21:30+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044781950_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_8f8361e7dbc3aa6a81b58790f9887976.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Бо вуҷуди эътироф нашудани ҳукумати феълии Афғонистон аз тарафи Тоҷикистон як намояндаи ин ҳукумат вориди Душанбе шудааст.Дар ин бора сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадзоҳир Ағбар ба хабарнигорони маҳаллӣ иттилоъ додааст.Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 10 май футболбозони навраси Афғонистон барои анҷом додани бозӣ ба Душанбе омаданд ва онҳоро Ҳофиз Аҳмад Зозай - намояндаи толибон ҳамроҳӣ намуд.Сафири Афғонистон мегӯяд, онҳо, ки ба истиқболи футболбозон рафтанданд, намояндаи толибонро диданд, вале ӯ аз суҳбат бо онҳо худдорӣ кардааст.Ба таъкиди ҷаноби Ағбар, намояндаи толибон тамоман аз варзиш дур аст ва вазифаи ӯ танҳо назорат кардани 31 футболбоз асту халос.Дар ҳамин ҳол аз Федератсияи футболи Тоҷикистон низ тасдиқ намуданд, ки дастаи наврасони Афғонистон рӯзи 10 май вориди Душанбе шуданд ва Ҳофиз Аҳмад Зозай онҳоро роҳбарӣ мекунад.Дастаи то 16-солаи Афғонистон рӯзи 13 май дар доираи мусобиқаи CAFA-2022 дар Душанбе бо дастаи Қирғзистон бозӣ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220511/nigaroni-rustami-emomali-berdimuhammadov-afghoniston-1048354440.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044781950_167:0:1500:1000_1920x0_80_0_0_d9e0f733c52f611e8a63ddb0bbc43c65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе толибон намоянда
Нахустин намояндаи толибон ба Душанбе омад
Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо ҳукумати феълии Афғонистонро қабул надорад ва аз гуфтугузор бо толибон худдорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Бо вуҷуди эътироф нашудани ҳукумати феълии Афғонистон аз тарафи Тоҷикистон як намояндаи ин ҳукумат вориди Душанбе шудааст.
Дар ин бора сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадзоҳир Ағбар ба хабарнигорони маҳаллӣ иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 10 май футболбозони навраси Афғонистон барои анҷом додани бозӣ ба Душанбе омаданд ва онҳоро Ҳофиз Аҳмад Зозай - намояндаи толибон ҳамроҳӣ намуд.
Сафири Афғонистон мегӯяд, онҳо, ки ба истиқболи футболбозон рафтанданд, намояндаи толибонро диданд, вале ӯ аз суҳбат бо онҳо худдорӣ кардааст.
Ба таъкиди ҷаноби Ағбар, намояндаи толибон тамоман аз варзиш дур аст ва вазифаи ӯ танҳо назорат кардани 31 футболбоз асту халос.
"Ӯ назорат мекунад, то футболбозон нисбати ҳукумати толибон ҳарфи бад нагӯянд ва аз Тоҷикистон ба кишвари дигар нагурезанду баръакс ба Ватан баргарданд", - иқтибос овардааст "Авеста" аз суханони сафири Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол аз Федератсияи футболи Тоҷикистон низ тасдиқ намуданд, ки дастаи наврасони Афғонистон рӯзи 10 май вориди Душанбе шуданд ва Ҳофиз Аҳмад Зозай онҳоро роҳбарӣ мекунад.
Дастаи то 16-солаи Афғонистон рӯзи 13 май дар доираи мусобиқаи CAFA-2022 дар Душанбе бо дастаи Қирғзистон бозӣ хоҳад кард.