https://sputnik.tj/20220510/qati-kori-metroi-shankhay-avj-giriftani-virusi-covid-19-1048333246.html
Қатъи кори метрои Шанхай бинобар авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар ин шаҳр
Қатъи кори метрои Шанхай бинобар авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар ин шаҳр
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо дар бораи муваққатан қатъи кори метрои Шанхай бино бар авҷ гирифтани пандемияи коронавирус миёни сокинони шаҳр хабар медиҳанд
2022-05-10T16:35+0500
2022-05-10T16:35+0500
2022-05-11T13:56+0500
чин
шанхай
қатъ
кор
метро
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048333023_0:0:3131:1762_1920x0_80_0_0_68dfbdd4a86536543682957c86dc6f43.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Тибқи иттилое, ки дар сомонаи метрои Шанхай “Weibo” нашр шудааст, ду хатти боқимондаи бози метрои Шанхай низ бо сабаби сар задани COVID-19 баста шуданд."Аз соати 13:00-и 10 майи соли 2022 ва то огоҳии минбаъда, хатҳои шашум ва шонздаҳуми метрои Шанхай кори худро қатъ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир тамоми хатҳо ва истгоҳҳои метрои Шанхай кори худро қатъ кардаанд", — омадааст дар ин хабар.Метрои Шанхай аз лиҳози дарозӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Метрои ин шаҳр 831 километр, дорои 20 хат ва 508 истгоҳ мебошад.Қабл аз сар задани пандемияи COVID-19 рафтуомади мусофирон дар як рӯз беш аз даҳ миллион нафарро ташкил медод.Шанхай аз 28 март ба далели сар задани коронавирус дар муҳосира қарор дорад. Мақомот интизор доштанд, ки ду даври санҷиш то 5 апрел анҷом ёфта, аз паҳншавии ин беморӣ пешгирӣ карда мешавад. Аммо мақомот эълон доштанд, ки бинобар зиёд будани шумораи мубталоён, қарантина бояд тамдид карда шавад - то ба кай, мушаххас нест.Аз оғози пандемия мақомоти Чин сиёсати "таҳаммулпазирии сифр"-ро нисбат ба коронавирус риоя карданд, аз ин рӯ ҳатто дар ҳоли вуҷуди мизони пасти беморӣ ҳам мақомот чораҳои қатъӣ меандешанд ва тамоми минтақаҳо, ҳатто шаҳрҳоро барои қарантина мебанданд.
https://sputnik.tj/20220504/avji-koronavirus-pekin-kor-naqliyot-jamiyati-masdud-1048174158.html
чин
шанхай
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048333023_44:0:2773:2047_1920x0_80_0_0_a64f54b2362902485a17c254b505bab8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, метро, чин, шанхай, коронавирус, авҷ, қатъ, кор
тоҷикистон, метро, чин, шанхай, коронавирус, авҷ, қатъ, кор
Қатъи кори метрои Шанхай бинобар авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар ин шаҳр
16:35 10.05.2022 (Навсозишуда: 13:56 11.05.2022) Расонаҳо дар бораи муваққатан қатъ шудани кори метрои Шанхай бинобар авҷ гирифтани пандемияи коронавирус миёни сокинони шаҳр хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Тибқи иттилое, ки дар сомонаи метрои Шанхай “Weibo” нашр шудааст, ду хатти боқимондаи бози метрои Шанхай низ бо сабаби сар задани COVID-19 баста шуданд.
"Аз соати 13:00-и 10 майи соли 2022 ва то огоҳии минбаъда, хатҳои шашум ва шонздаҳуми метрои Шанхай кори худро қатъ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир тамоми хатҳо ва истгоҳҳои метрои Шанхай кори худро қатъ кардаанд", — омадааст дар ин хабар.
Метрои Шанхай аз лиҳози дарозӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Метрои ин шаҳр 831 километр, дорои 20 хат ва 508 истгоҳ мебошад.
Қабл аз сар задани пандемияи COVID-19 рафтуомади мусофирон дар як рӯз беш аз даҳ миллион нафарро ташкил медод.
Шанхай аз 28 март ба далели сар задани коронавирус дар муҳосира қарор дорад. Мақомот интизор доштанд, ки ду даври санҷиш то 5 апрел анҷом ёфта, аз паҳншавии ин беморӣ пешгирӣ карда мешавад. Аммо мақомот эълон доштанд, ки бинобар зиёд будани шумораи мубталоён, қарантина бояд тамдид карда шавад - то ба кай, мушаххас нест.
Аз оғози пандемия мақомоти Чин сиёсати "таҳаммулпазирии сифр"-ро нисбат ба коронавирус риоя карданд, аз ин рӯ ҳатто дар ҳоли вуҷуди мизони пасти беморӣ ҳам мақомот чораҳои қатъӣ меандешанд ва тамоми минтақаҳо, ҳатто шаҳрҳоро барои қарантина мебанданд.