https://sputnik.tj/20220510/korshinos-inzivo-rusiya-ghayriimkon-1048334905.html
Коршинос: Инзивои Русия ғайриимкон аст
Коршинос: Инзивои Русия ғайриимкон аст
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси аршади иқтисодӣ, инзивои Русияро ба далели аҳамияти он дар муносибатҳои тиҷории ҷаҳонӣ ғайриимкон хонда, аз оқибатҳои он гуфт
2022-05-10T17:30+0500
2022-05-10T17:30+0500
2022-05-11T13:49+0500
дар русия
нафт
газ
таҳрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047867532_0:131:3072:1859_1920x0_80_0_0_f1acb3e20b9bc3faa552c3da2551aafe.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Аҳамияти Русия дар савдои ҷаҳонӣ бениҳоят зиёд аст, аз ин рӯ муҳосираи пурраи он ғайриимкон мебошад, мегӯяд Андрей Кочетков, таҳлилгари пешбари шуъбаи пажуҳишҳои глобалии "Сармоягузории боз" ба хабаргузории "Прайм".Ӯ ёдовар шуд, ки танҳо дар бозори нафти ҷаҳонӣ саҳми Русия аз 11% зиёд аст.Ба гуфтаи таҳлилгар, агар нефти Русия аз муомилоти ҷаҳонӣ комилан хориҷ шавад, истеъмол бояд тақрибан 7,5-7,8 миллион баррел дар як рӯз коҳиш ёбад."Ин метавонад дар пай ду рӯйдод дошта бошад. Якум, коҳиши якбораи фаъолияти иқтисодӣ дар ҷаҳон ба сатҳе, ки бо давраи мавҷи аввали COVID-19 муқоиса карда мешавад. Гузинаи дувум болоравии нархи нафт то 150-200 доллар барои як баррел аст, ки боиси коҳиши табиии истеъмол мешавад”, - шарҳ дод Кочетков.Саҳми гази Русия дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам бештар аст - имкони иваз кардани интиқоли лӯла ба Аврупо бо гази моеъ ғайриимкон аст. Дар бораи нуриҳо низ ҳамин тавр аст: 66 фоизи захираи селитраи аммиак дар ҷаҳон, ки барои истеҳсоли нуриҳои азотӣ зарур аст, ба Русия рост меояд. Қатъи таъминот аллакай боиси 2-3 баробар боло рафтани нархи онҳо шудааст, ки истеҳсолкунандагони кишоварзиро водор месозад, маблағи бештар сарф кунанд. Дар натиҷа ҳосил кам мешавад. Дар ҳамин ҳол худи Русия аз таъминоти ғизоии беруна камтарин вобастагиро дорад, мегӯянд ин таҳлилгар.
https://sputnik.tj/20220510/bloomberg-sodirot-naft-rusiya-gharb-khudkushi-1048326224.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047867532_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_97615786c2e0a703ec3873e7b95d5185.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
инзиво русия ғайриимкон
Коршинос: Инзивои Русия ғайриимкон аст
17:30 10.05.2022 (Навсозишуда: 13:49 11.05.2022) Коршиноси аршади иқтисодӣ инзивои Русияро ба далели аҳамияти он дар муносибатҳои тиҷории ҷаҳонӣ ғайриимкон хонда, аз оқибатҳои он гуфт
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Аҳамияти Русия дар савдои ҷаҳонӣ бениҳоят зиёд аст, аз ин рӯ муҳосираи пурраи он ғайриимкон мебошад, мегӯяд Андрей Кочетков, таҳлилгари пешбари шуъбаи пажуҳишҳои глобалии "Сармоягузории боз" ба хабаргузории "Прайм".
"Дар ҳақиқат, Русия "ганҷинаи ҷаҳонӣ" буда, ашёи хом ва масолеҳ медиҳад, ки бе онҳо ягон лаборатория ва фабрика кор карда наметавонад", - гуфт коршинос.
Ӯ ёдовар шуд, ки танҳо дар бозори нафти ҷаҳонӣ саҳми Русия аз 11% зиёд аст.
Ба гуфтаи таҳлилгар, агар нефти Русия аз муомилоти ҷаҳонӣ комилан хориҷ шавад, истеъмол бояд тақрибан 7,5-7,8 миллион баррел дар як рӯз коҳиш ёбад.
"Ин метавонад дар пай ду рӯйдод дошта бошад. Якум, коҳиши якбораи фаъолияти иқтисодӣ дар ҷаҳон ба сатҳе, ки бо давраи мавҷи аввали COVID-19 муқоиса карда мешавад. Гузинаи дувум болоравии нархи нафт то 150-200 доллар барои як баррел аст, ки боиси коҳиши табиии истеъмол мешавад”, - шарҳ дод Кочетков.
Саҳми гази Русия дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам бештар аст - имкони иваз кардани интиқоли лӯла ба Аврупо бо гази моеъ ғайриимкон аст.
Дар бораи нуриҳо низ ҳамин тавр аст: 66 фоизи захираи селитраи аммиак дар ҷаҳон, ки барои истеҳсоли нуриҳои азотӣ зарур аст, ба Русия рост меояд. Қатъи таъминот аллакай боиси 2-3 баробар боло рафтани нархи онҳо шудааст, ки истеҳсолкунандагони кишоварзиро водор месозад, маблағи бештар сарф кунанд.
Дар натиҷа ҳосил кам мешавад. Дар ҳамин ҳол худи Русия аз таъминоти ғизоии беруна камтарин вобастагиро дорад, мегӯянд ин таҳлилгар.