Боғи Горкий дар Маскав макони дидори куҳнасарбозони ҷанги Тоҷикистон шуд - видео

Обуна шудан
Имрӯз дар Маскав, дар боғи фарҳангии ба номи Максим Горкий дидори куҳнасарбозони ҷанг дар қаламрави Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид
Дар ин дидор собиқ афсарони Дивизияи 201-уми Русия ва гурӯҳи марзбонони Русия, ки дар Тоҷикистон хидмат кардаанд ҷамъ омада буданд.
Дар ин дидор зиёда аз 150 нафар ширкат варзиданд. Аксари куҳнасарбозон бо оилаҳои худ омада буданд
Ҳатто ҳавои абрнок монеи дидори деринтизор нашуд.
Хурду калон дар як саф: иштироки фаъоли тоҷикон дар “Ҳанги ҷовидон”-и Маскав - видео
Дар назди меҳмонон ва роҳгузарон намоиши аксҳо ва нигораҳо ташкил карда шуд. Дидор бо намоиши тантанавии парчами Дивизияи 201-уми Русия ифтитоҳ ёфт.
Дар барномаи консертӣ намояндагони Маркази фарҳангии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар ин барнома сурудҳои машҳури даврони ҷанг садо доданд.
Путин ба “Ҳанги ҷовидон” ҳамроҳ шуд – навор
Ҳатто санъаткорони ҷавон ҳам меҳмонон ва ҳозиринро бо Иди Ғалабаи бузург табрик карданд
Дастаи эҷодии Маркази фарҳангии Тоҷикистон бо ҷоизаи хотиравӣ – нишонӣ Дивизияи 201-уми Русия сарфароз гардонида шуд.
Аксари меҳмонон баъди консерт ба ҷойи баргузории “Ҳанги ҷовидон” рафтанд.
Лентаи хабарҳо
0