Дар Варшава ба рӯйи сафири Русия ранг пошиданд

© Sputnik / Владимир ТрефиловПосол России в Польше Сергей Андреев
Посол России в Польше Сергей Андреев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Дипломати рус ҳадафи фаъолони лаҳистонӣ қарор гирифт. Онҳо дар гузаргоҳе ба сӯйи як ёдгории Варшава барои қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро масдуд карданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Сафири Русия дар Лаҳистон мавриди ҳамла қарор гирифт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Манбаъ меафзояд, ин ҳодиса дар қабристони сарбозони шӯравӣ, дар кӯчаи Жвирки ва Вигураи пойтахти ин кишвар рух додааст.
Пас аз он ки намояндагони Федератсияи Русия бо як нақлиёти дипломатӣ бо парчами Русия омаданд, онҳоро издиҳоми хашмгин иҳота карданд. Онҳо дар даст рамзҳои Украина ва ҳамчунин чодарҳои дар ранг таршуда доштанд.
Мардум бо шиорҳои зидди Русия садо баланд карданд. Аҷиб ин ки дар ин лаҳзаҳо ягон корманди пулис дар майдон набуд.
Зимнан фаъолони маҳаллӣ роҳи ёдгориро бастанд ва ҳангоме ки ҳайати Русия иборат аз сафир, ҳамсараш ва як гурӯҳи дипломатҳо бозистоданд, ба рӯи онҳо ранги сурх пошиданд.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Кишварҳои НАТО шунидан нахостанд - Путин дар бораи амалиёти махсуси Русия
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи ҳодисаи мазкур изҳор дошт, ки "миллатгароён дигарбора чеҳраи худро нишон доданд ва он хунбор аст".
Бо вуҷуди ин Захарова гуфт, Русияро наметавон бо ин усул тарс дод.
Сафорати Русия дар Лаҳистон ваъда додааст, ки дар робита ба ҳодисаи зикршуда эътирози расмӣ эълон хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0