https://sputnik.tj/20220509/rahmon-hamsoya-fazo-sulh-dusti-boyad-zist-1048304845.html
Раҳмон: Бо ҳамсояҳои наздик дар фазои сулҳу дӯстӣ бояд зист
Раҳмон: Бо ҳамсояҳои наздик дар фазои сулҳу дӯстӣ бояд зист
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон изҳор дошт, ки мардуми тоҷик фарзандҳои худро дар рӯҳия сулҳпарварию башардӯстӣ тарбия бояд кард
2022-05-09T11:22+0500
2022-05-09T11:22+0500
2022-05-11T19:55+0500
эмомалӣ раҳмон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/17/1047892368_0:66:799:515_1920x0_80_0_0_8969c5562a503f25c1d8c78471209a29.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат дар паёми табрики худ ҳамчунин ба масъалаи муносибату бархӯрд бо кишварҳои ҳамсоя низ таъкид кард.Роҳбари давлат зикр намуд, ки халқи тоҷик бояд бо тамоми миллатҳои олам ва пеш аз ҳама бо ҳамсояҳои наздики худ дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунад.Ин ҳарфҳоро роҳбари давлат дар паёми шодбошии худ ба муносибати 77-умин солгарди ғалаба дар ҶБВ изҳор дошт, ки матни онро котиботи президент нашр намудааст.Илова бар ин Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ аз тағйир ёфтани иқлими сайёра то идомаи паҳншавии бемории коронавирус ва таҳдидҳои нав гуфт ва тавсия дод, ки мардуми Тоҷикистон бояд нисбат ба ҳарвақта ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошанд.Ӯ даъват намуд, ки насли ҷавон бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ ба камол расонем.Маврид ба зикр аст, ки миёни Тоҷикистон ва ҳамсояи наздик Ҷумҳурии Қирғизистон солҳои ахир муноқишаҳои зиёди марзӣ сурат мегиранд.Аз ҷумла рӯзи 28 апрели соли гузашта дар марз миёни сокинони маҳаллӣ муноқишаи шадид рух дод. Муноқиша дар мавзеи обгирии "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, ба амал омад. Ин задухӯрди байни сокинон бо даргирии низомӣ анҷом ёфт.Бар асари ин даргирӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 87 нафари дигар, аз ҷумла раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ дар дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштаанд.
https://sputnik.tj/20220430/bahodurzoda-ayodat-kudakon-dargiriho-marz-1048108386.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/17/1047892368_44:0:753:532_1920x0_80_0_0_28643b884c5faab52deca8cf3a34505e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон ҳамсоя дӯстӣ
эмомалӣ раҳмон ҳамсоя дӯстӣ
Раҳмон: Бо ҳамсояҳои наздик дар фазои сулҳу дӯстӣ бояд зист
11:22 09.05.2022 (Навсозишуда: 19:55 11.05.2022) Кишвардори Тоҷикистон изҳор дошт, ки мардуми тоҷик фарзандҳои худро дар рӯҳия сулҳпарварию башардӯстӣ тарбия бояд кард
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат дар паёми табрики худ ҳамчунин ба масъалаи муносибату бархӯрд бо кишварҳои ҳамсоя низ таъкид кард.
Роҳбари давлат зикр намуд, ки халқи тоҷик бояд бо тамоми миллатҳои олам ва пеш аз ҳама бо ҳамсояҳои наздики худ дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунад.
Ин ҳарфҳоро роҳбари давлат дар паёми шодбошии худ ба муносибати 77-умин солгарди ғалаба дар ҶБВ изҳор дошт, ки матни онро котиботи президент нашр намудааст.
Илова бар ин Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ аз тағйир ёфтани иқлими сайёра то идомаи паҳншавии бемории коронавирус ва таҳдидҳои нав гуфт ва тавсия дод, ки мардуми Тоҷикистон бояд нисбат ба ҳарвақта ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошанд.
"Боз ҳам бештар заҳмат кашем, тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон равона созем ва сарфаю сариштакор бошем", - таъкид намуд роҳбари давлат.
Ӯ даъват намуд, ки насли ҷавон бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ ба камол расонем.
Маврид ба зикр аст, ки миёни Тоҷикистон ва ҳамсояи наздик Ҷумҳурии Қирғизистон солҳои ахир муноқишаҳои зиёди марзӣ сурат мегиранд.
Аз ҷумла рӯзи 28 апрели соли гузашта дар марз миёни сокинони маҳаллӣ муноқишаи шадид рух дод. Муноқиша дар мавзеи обгирии "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, ба амал омад. Ин задухӯрди байни сокинон бо даргирии низомӣ анҷом ёфт.
Бар асари ин даргирӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 87 нафари дигар, аз ҷумла раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ дар дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштаанд.