Путин: 9 май тантанаи муттаҳидии мардуми шӯравӣ аст

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидента РФ В. Путин
Президента РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Президенти Русия гуфт, хотираи Ҷанги бузурги ватанӣ фаромӯш намешавад ва 9 майи соли 1945 тантанаи ягонаи халқи шӯравӣ буд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин Рӯзи ғалабаро тантанаи муттаҳидии мардуми шӯравӣ номид.
"9 май соли 1945 ҳамчун тантанаи халқи советии ягонаи мо, ягонагӣ ва иқтидори маънавии он, корнамоии бемислу монанд дар фронт ва ақибгоҳ дар таърихи ҷаҳон абадӣ сабт гардид", - таъкид намуд Путин.
Зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ дар Маскав раисҷумҳури Русия қайд кард, дар Русия оилае нест, ки дар Ҷанги бузурги ватанӣ талафот надод бошад ва ёди он фаромӯш намешавад.
"Мо аз насли диловари ғолибони мағлубнашуда фахр мекунем, ки ворисони онҳо ҳастем. Онҳое, ки фашистон торуморро кардаанд, ба мо васият кардаанд, ки ҳушёр бошем ва ҳама корро кунем, то даҳшати ҷанги умумиҷаҳонӣ дигар такрор нашавад", - афзуд Путин.
Парад Победы на Красной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Гузашти низомӣ дар Рӯзи пирӯзӣ дар Маскав - видео
Ёдовар мешавем, дар майдони "Сурх"-и Маскав бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ паради низомӣ ҷараён дорад.
Дар соли 2022 дар раҳпаймоӣ 11 ҳазор нафар ва ҳамчунин 131 воҳиди техникаи низомӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар Тоҷикистон субҳи рӯзи 9 май дар боғи "Ғалаба" роҳбари давлат назди "Оташи ҷовидон" гулчанбар гузошт.
Илова бар ин аз майдони Дӯстии Халқҳо то боғи "Ғалаба" садҳо нафар ба поси хотири қурбониёни ин ҷанг роҳпаймоӣ намуданд. Роҳпаймоӣ ҳамчунин дар Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0