Ҳазорон низомии Русия дар "Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон ширкат карданд

© пресс-служба ЦВО МО РФВ марше "Бессмертного полка" в Таджикистане приняли участие 2 тыс. российских военнослужащих
В марше Бессмертного полка в Таджикистане приняли участие 2 тыс. российских военнослужащих - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Ба ифтихори 77- умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон тантанаҳо идома доранд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар раҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" дар Тоҷикистон 2 ҳазор низомии Русия ширкат карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Округи марказии ҳарбӣ хабар додааст.
Чорабинӣ дар майдони машқи низомии Душанбе баргузор шуд. Пас аз анҷоми раҳпаймоии тантанавӣ бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирокчиёни ҳаракати ватандӯстӣ аксҳои собиқадоронро баланд бардоштанд.
Ба ин чорабинӣ ҳамчунин оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони органҳои ҳокимият, қуҳнасарбозон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва инчунин меҳмонон ҳамроҳ шуданд.
Дар чорабинии идона бори аввал экипажи паради хидматчиёни ҳарбӣ ширкат кард. Онҳо дар тан либоси ҳарбӣ, ки бо лентаҳои Георгий зинат дода шуда буданд, саф ороста, роҳпаймоӣ намуданд.
Церемония возложения венка к вечному огню  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Иштироки Раҳмон дар режаи низомии бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба - акс
Дар Маҷмаи ёдгории қаҳрамонони дар майдонҳои ҷанг қурбоншуда иштирокчиёни раҳпаймоӣ ба пояи "Оташи абадӣ" гулчанбар гузоштанд.
Қаблан хидматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия бахшида ба Рӯзи ғалаба иқдоми "Лентаи Георгий" ташкил карда буданд. Чорабинӣ таҳти шиори “Дар ёд дорам, ифтихор дорам” баргузор шуд.
Иштирокчиёни ин иқдом дар майдони асосии шаҳри Дӯстӣ ҳудуди 1500 лентаи Георгийро тақдим карданд.
Лентаи хабарҳо
0