https://sputnik.tj/20220509/gulchanbarguzorii-rahmon-nazdi-otashi-jovidon-dushanbe-1048302056.html
Гулчанбаргузории Раҳмон назди “Оташи ҷовидон” дар Душанбе
Гулчанбаргузории Раҳмон назди “Оташи ҷовидон” дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе дар маросими таҷлили 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузуги Ватанӣ иштирок кард
2022-05-09T10:19+0500
2022-05-09T10:19+0500
2022-05-11T19:58+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рӯзи ғалаба
душанбе
маросим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/09/1048303690_0:0:3073:1730_1920x0_80_0_0_609d8ddc13ec9ee4daf5df6fe371c6ec.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба поси хотири афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги бузурги ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт.Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар боғи "Ғалаба" раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиа Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.Дар маросим ҳамчунин сарвазир, собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.Ёдрас менамоем, чанде пеш Уктам Акрамов, муовини раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар Душанбе ба муносибати 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ "Ҳанги ҷовидон" ва гузашти низомӣ доир мегардад.Номбурда гуфт, субҳ дар боғи "Ғалаба" нахуст гузашти низомӣ доир мешавад ва баъд аз он маросими "Ҳанги ҷовидон" доир хоҳад шуд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
https://sputnik.tj/20220509/payomi-shodboshi-rahmon-munosibat-ruz-piruzi-1048302668.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/09/1048303690_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_18656d932798e9147a0f0de042a9e023.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, эмомалӣ раҳмон, гулчамбаргузорӣ, маросим, ҳанги ҷовидон
тоҷикистон, душанбе, эмомалӣ раҳмон, гулчамбаргузорӣ, маросим, ҳанги ҷовидон
Гулчанбаргузории Раҳмон назди “Оташи ҷовидон” дар Душанбе
10:19 09.05.2022 (Навсозишуда: 19:58 11.05.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дар маросими таҷлили 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузуги ватанӣ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба поси хотири афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги бузурги ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар боғи "Ғалаба" раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиа Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.
Дар маросим ҳамчунин сарвазир, собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.
Ёдрас менамоем, чанде пеш Уктам Акрамов, муовини раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти кишвар дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар Душанбе ба муносибати 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ "Ҳанги ҷовидон" ва гузашти низомӣ доир мегардад.
Номбурда гуфт, субҳ дар боғи "Ғалаба" нахуст гузашти низомӣ доир мешавад ва баъд аз он маросими "Ҳанги ҷовидон" доир хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.