https://sputnik.tj/20220509/dushanbe-hangi-jovidon-sadho-nafar-surat-girift-1048307006.html
Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" бо ҳузури садҳо нафар баргузор шуд
Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" бо ҳузури садҳо нафар баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинону меҳмонони пойтахт ба ифтихори 77 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ намуданд
2022-05-09T12:40+0500
2022-05-09T12:40+0500
2022-05-11T19:34+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҳанги ҷовидон
ҷашни рӯзи ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/09/1048306155_128:0:1154:577_1920x0_80_0_0_8bf1271ca924d15fb68975d561c2968b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" баргузор шуд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шоҳиди ин чорабинӣ буд. Иштирокчиён аз хиёбони Дӯстии халқҳо то боғи "Ғалаба" роҳпаймоӣ намуданд.Барои гиромидошти аҷдодони дар Ҷанги бузурги ватанӣ қурбонишуда садҳо нафар аз сокинону меҳмонони пойтахт ба кӯчаҳо баромаданд. Дар байни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам собиқадорон низ буданд. Пас аз расидан ба боғи "Ғалаба", иштирокчиён назди "Оташи абадӣ" саф оростанд ва ҳама бо як овоз суруди "Катюша"-ро хонданд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
https://sputnik.tj/20220509/payomi-shodboshi-rahmon-munosibat-ruz-piruzi-1048302668.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/09/1048306155_256:0:1025:577_1920x0_80_0_0_f9a2d56c9b6058c7ff27363239c1a7bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе "ҳанги ҷовидон"
Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" бо ҳузури садҳо нафар баргузор шуд
12:40 09.05.2022 (Навсозишуда: 19:34 11.05.2022) Сокинону меҳмонони пойтахт ба ифтихори 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ то боғи "Ғалаба" раҳпаймоӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" баргузор шуд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шоҳиди ин чорабинӣ буд. Иштирокчиён аз хиёбони Дӯстии халқҳо то боғи "Ғалаба" роҳпаймоӣ намуданд.
Барои гиромидошти аҷдодони дар Ҷанги бузурги ватанӣ қурбонишуда садҳо нафар аз сокинону меҳмонони пойтахт ба кӯчаҳо баромаданд. Дар байни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам собиқадорон низ буданд.
Пас аз расидан ба боғи "Ғалаба", иштирокчиён назди "Оташи абадӣ" саф оростанд ва ҳама бо як овоз суруди "Катюша"-ро хонданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.