Маск гуфт, дар "Twitter" чиро тағйир медиҳад

© AFP 2023 / BRITTA PEDERSENИлон Маск
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Обуна шудан
Соҳибкор Илон Маск, ки азми гирифтани шабакаи иҷтимоии "Twitter"-ро дорад, изҳор дошт, ки чӣ гуна тағйиротро ба ин пойгоҳ илова хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Илон Маск, молики "Space X" ва "Tesla" кормандони шабакаи "Twitter"-ро аз баланд шудани меъёри сифати кор дар ин шабака огоҳ кард, хабар дод РИА "Новости".
"Талаботи этикаи касбӣ ба ҳадди хеле боло бардошта хоҳанд шуд, аммо аз талаботе, ки нисбати худам дорам, ба маротиб камтаранд", - гуфт Маск дар саҳифааш дар "Twitter".
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки агар раванди хариди "Twitter" муваффақ анҷомад, ин ширкат ба масоили муҳандисии таъминоти барномавӣ, тарроҳӣ ва амнияти иттилотӣ тамаркуз хоҳад кард.
Қаблан ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошта буд, ки тағйирот дар сиёсати "Twitter" дар сурате имконпазир аст, ки агар он аз доираи ҳуқуқии амрикоӣ хориҷ шавад.
Билл Гейтс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Гейтс: Маск метавонад кори "Twitter"-ро бадтар кунад
"Харидуфурӯши шабакаҳо бо пули калон, вақте ба ҷои як молик дигаре меояд, чизеро тағйир намедиҳад. Чун ҳоло на танҳо соҳибон қоидаҳои кори онҳоро муайян мекунанд", - афзуд ӯ.
Вай изҳори бовар намудааст, ҳеҷ шабакаи иҷтимоӣ қодир нест, авзои давлатеро, ки дар қаламрави он сабт шудааст, сарфи назар намояд.
Ба ҳамин далел Медведев таъкид намуд, ки "Twitter" тағйир намеёбад, демократитару боадолаттар нахоҳад шуд. Вай ягона шарти тағйиротро хориҷ шудани шабака аз ҳадди амали қонунгузории ИМА хондааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан аз созиш барои хариди "Twitter" аз сӯйи Илон Маск ба ивази 44 млрд доллар хабар дода шуда буд.
Соҳибкор тавзеҳ дод, ки бо харидории ин шабакаи иҷтимоӣ мехоҳад, онро ба пойгоҳи воқеии озодии баён дар тамоми ҷаҳон табдил диҳад.
Лентаи хабарҳо
0