https://sputnik.tj/20220508/iftitoh-nimpaykara-generali-shuravi-tojikiston-1048297499.html
Ифтитоҳи тандиси генерали зодаи Киев дар Тоҷикистон аз сӯи Русия
Ифтитоҳи тандиси генерали зодаи Киев дар Тоҷикистон аз сӯи Русия
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин фармондеҳи дивизияи тирандози 201-ум, генерал Вячеслав Якутович, ки бо дастовардҳои бузурги низомӣ барои Ғалаба дар ҶБВ хизмати бузург кардаст
2022-05-08T18:01+0500
2022-05-08T18:01+0500
2022-05-08T18:10+0500
генерал
пойгоҳи 201
дар русия
амният ва мудофиа
тандис
дар тоҷикистон
ҷбв
фармондеҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/08/1048291719_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_168d5b40d7d508f07ed1d4cebd4ea443.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон тандиси нахустин фармондеҳи дивизияи тирандози 201-ум, генеал-майор Вячеслав Якутович ифтитоҳ шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии Русия хабар дода, афзуд, ки пайкара дар қаламрави пойгоҳи 201-ум дар Душанбе ҷой гирифтааст. Маросими расмии ифтитоҳи тандис бо иштироки хизматчиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросим ҳамчунин Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон иштирок кардаст. Дар назди ҳозирин фармондеҳи пойгоҳи 201-ум, полковник Евгений Ковилин аз хизматҳои Якутович нақл карда, зикр намуд, ки генерал дивизияи номдоре сохт, ки дар озодсозии Ленинград, Гатчин, Луга, назди Балтик иштирок кардааст. Ковилин гуфт, фармондеҳи дивизия фарзанди сарсупурдаи ватан буд, ки худаш намуна шуда, ҷанговаронашро барои корнамоиҳо илҳом мебахшид. "Вазифаи муқаддасашро ғамғорӣ дар ҳаққи тобеин медонист, ки онҳоро дар ҳар гуна шароити ҷангӣ бо ғизою дигар лавозимот таъмин мекард", - афзуд ӯ. Фармондеҳи пойгоҳи 201-ум гуфт, дар ҷангҳое, ки Якутович пирӯзиро ба даст меовард, талош мекард, ки ҳаёти аскаронашро ҳифз намояду аз талафоти бемаънӣ пешгирӣ кунад. Бар асоси ҳолнома, Якутович соли 1906 дар шаҳри Киев таваллуд шуда, аз 15 июли 1941 фармондеҳии дивизияи тирандози 70-умро ба уҳда дошт, ки солҳои 1939 - 1940 дар ҷанги шӯравию Финландия иштирок доштаст. Аз моҳи июни соли 1941 дар Ҷанги бузурги ватанӣ вориди амал шуд. Аз 21 декабри соли 1941 то 25 январи 1943 фармондеҳии дивизияи 13-умро ба дӯш дошт, ки соҳили шарқии халиҷи Финро ҳимоя мекард. Якутович нахустин фармондеҳи дивизияи 201-ум буд, ки ин воҳиди низомиро аз моҳи январи 1943 то апрели 1944 ва баъдан аз июл то сентябри 1944 роҳбарӣ мекард. Бо орденҳои Байрақи сурх, Ситораи Сурх, Кутузов дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст. Соли 1965 даргузашт, дар оромгоҳи Богословски шаҳри Санкт - Петербург ба хок супорида шудаст.
https://sputnik.tj/20220427/bonuvon-9-may-tojikiston-rahpaymoi-1047994296.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/08/1048291719_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_e44dd808633131e657cf802dcddf8309.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ифтитоҳ, нимайкара, генерал, шӯравӣ, тоҷикистон
ифтитоҳ, нимайкара, генерал, шӯравӣ, тоҷикистон
Ифтитоҳи тандиси генерали зодаи Киев дар Тоҷикистон аз сӯи Русия
18:01 08.05.2022 (Навсозишуда: 18:10 08.05.2022) Нахустин фармондеҳи дивизияи тирандози 201-ум, генерал Вячеслав Якутович, ки бо дастовардҳои бузурги низомӣ барои Ғалаба дар ҶБВ хизмати бузург кардаст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон тандиси нахустин фармондеҳи дивизияи тирандози 201-ум, генеал-майор Вячеслав Якутович ифтитоҳ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии Русия хабар дода, афзуд, ки пайкара дар қаламрави пойгоҳи 201-ум дар Душанбе ҷой гирифтааст.
Маросими расмии ифтитоҳи тандис бо иштироки хизматчиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросим ҳамчунин Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон иштирок кардаст.
Дар назди ҳозирин фармондеҳи пойгоҳи 201-ум, полковник Евгений Ковилин аз хизматҳои Якутович нақл карда, зикр намуд, ки генерал дивизияи номдоре сохт, ки дар озодсозии Ленинград, Гатчин, Луга, назди Балтик иштирок кардааст.
Ковилин гуфт, фармондеҳи дивизия фарзанди сарсупурдаи ватан буд, ки худаш намуна шуда, ҷанговаронашро барои корнамоиҳо илҳом мебахшид.
"Вазифаи муқаддасашро ғамғорӣ дар ҳаққи тобеин медонист, ки онҳоро дар ҳар гуна шароити ҷангӣ бо ғизою дигар лавозимот таъмин мекард", - афзуд ӯ.
Фармондеҳи пойгоҳи 201-ум гуфт, дар ҷангҳое, ки Якутович пирӯзиро ба даст меовард, талош мекард, ки ҳаёти аскаронашро ҳифз намояду аз талафоти бемаънӣ пешгирӣ кунад.
Бар асоси ҳолнома, Якутович соли 1906 дар шаҳри Киев таваллуд шуда, аз 15 июли 1941 фармондеҳии дивизияи тирандози 70-умро ба уҳда дошт, ки солҳои 1939 - 1940 дар ҷанги шӯравию Финландия иштирок доштаст. Аз моҳи июни соли 1941 дар Ҷанги бузурги ватанӣ вориди амал шуд.
Аз 21 декабри соли 1941 то 25 январи 1943 фармондеҳии дивизияи 13-умро ба дӯш дошт, ки соҳили шарқии халиҷи Финро ҳимоя мекард.
Якутович нахустин фармондеҳи дивизияи 201-ум буд, ки ин воҳиди низомиро аз моҳи январи 1943 то апрели 1944 ва баъдан аз июл то сентябри 1944 роҳбарӣ мекард.
Бо орденҳои Байрақи сурх, Ситораи Сурх, Кутузов дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст. Соли 1965 даргузашт, дар оромгоҳи Богословски шаҳри Санкт - Петербург ба хок супорида шудаст.