https://sputnik.tj/20220507/tojikon-rusiya-muhojir-1048274891.html
Маълум шуд, ки чӣ қадар тоҷикон ба Русия омадаанд
Маълум шуд, ки чӣ қадар тоҷикон ба Русия омадаанд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни хориҷиёне, ки аз аввали соли 2022 ба қаламрави Русия омадаанд, дар ҷои чаҳорум қарор гирифтанд
2022-05-07T14:25+0500
2022-05-07T14:25+0500
2022-05-07T14:25+0500
дар русия
муҳоҷират
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/11/1040279899_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_bd9e749a6acab4fceb409122b6ea454f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Аз аввали соли 2022 беш аз 333 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтаанд. Чунин маълумот аз омори Хадамоти марзбонии ФСБ-и Русия бармеояд. Ба ин тартиб, шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни хориҷиёне, ки ба қаламрави Русия омадаанд, дар ҷои чаҳорум қарор гирифтанд. Қайд мешавад, ки Украина дар моҳҳои январ-марти соли 2022 аз рӯи вуруд пешсаф шуд - аз ин кишвар ба Федератсияи Русия ҳудуди 770 ҳазор нафар омадаанд. Ӯзбекистон дар ҷои дувум қарор дорад - беш аз 450 ҳазор нафар аз ӯзбекҳо тасмим гирифтанд, ки ба Русия раванд. Аз Қазоқистон 348 ҳазор нафар ва аз Қирғизистон 153 ҳазор нафар омадаанд.Дар ҳамин ҳол, тавре аз маълумот бармеояд, шумори умумии сафарҳои хориҷӣ ба Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% афзуда ба 2,7 миллион ва сафар ба хотири саёҳат қариб 77% афзудааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки тоҷикон дар барномаи кӯчонидани ҳамватанон дар Федератсияи Русия пешсаф шудаанд.Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, аз аввали соли 2022 аллакай 16 ҳазор нафар дар доираи ин барнома ба Федератсияи Русия кӯчиданд. Маълум шуд, ки аксари муҳоҷирон шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон мебошанд.Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи афзоиши муҳоҷирон дар вилояти Смоленск дар байни онҳое, ки соли 2021 барои кор омадаанд, дар миёни кишварҳои ИДМ пешсаф шудаанд. Дар маҷмуъ 1,3 ҳазор тоҷикистонӣ ба вилоят омадаанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ барои соли 2021, муҳоҷирони тоҷик аз рӯи дарёфти шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20220507/dushanbe-khujand-tatiloti--1048274658.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/11/1040279899_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6420948cd5a2eccc3fd46112dc1b3fe9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кор муҳоҷиро русия
Маълум шуд, ки чӣ қадар тоҷикон ба Русия омадаанд
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни хориҷиёне, ки аз аввали соли 2022 ба қаламрави Русия омадаанд, дар ҷои чаҳорум қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Аз аввали соли 2022 беш аз 333 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтаанд. Чунин маълумот аз омори Хадамоти марзбонии ФСБ-и Русия бармеояд.
Ба ин тартиб, шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни хориҷиёне, ки ба қаламрави Русия омадаанд, дар ҷои чаҳорум қарор гирифтанд.
Қайд мешавад, ки Украина дар моҳҳои январ-марти соли 2022 аз рӯи вуруд пешсаф шуд - аз ин кишвар ба Федератсияи Русия ҳудуди 770 ҳазор нафар омадаанд.
Ӯзбекистон дар ҷои дувум қарор дорад - беш аз 450 ҳазор нафар аз ӯзбекҳо тасмим гирифтанд, ки ба Русия раванд. Аз Қазоқистон 348 ҳазор нафар ва аз Қирғизистон 153 ҳазор нафар омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре аз маълумот бармеояд, шумори умумии сафарҳои хориҷӣ ба Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% афзуда ба 2,7 миллион ва сафар ба хотири саёҳат қариб 77% афзудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тоҷикон дар барномаи кӯчонидани ҳамватанон дар Федератсияи Русия пешсаф шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, аз аввали соли 2022 аллакай 16 ҳазор нафар дар доираи ин барнома ба Федератсияи Русия кӯчиданд.
Маълум шуд, ки аксари муҳоҷирон шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон мебошанд.
Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи афзоиши муҳоҷирон дар вилояти Смоленск дар байни онҳое, ки соли 2021 барои кор омадаанд, дар миёни кишварҳои ИДМ пешсаф шудаанд. Дар маҷмуъ 1,3 ҳазор тоҷикистонӣ ба вилоят омадаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ барои соли 2021, муҳоҷирони тоҷик аз рӯи дарёфти шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифтаанд.