https://sputnik.tj/20220507/tojikiston-sozmon-tokparvari-shomil-1048285303.html
Тоҷикистон мехоҳад ба Созмони байналмилалии токпарварӣ шомил шавад
Тоҷикистон мехоҳад ба Созмони байналмилалии токпарварӣ шомил шавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо Созмони байналмилалии ангурпарварӣ ва шаробсозӣ Vine and Wine узвияти эҳтимолияшро дар ин ташкилоти муътабар баррасӣ кардааст
2022-05-07T21:09+0500
2022-05-07T21:09+0500
2022-05-07T21:08+0500
дар тоҷикистон
шароб
ангур
вазорати кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/17/1029751765_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_3968ee99890e42200cdcb6c4f0fea11f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад ба Созмони байналмилалии ангурпарварӣ ва шаробсозӣ - International Organisation of Vine and Wine (OIV) шомил шавад, хабар дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.Дар ин бора баъд аз мулоқоти Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо директори генералии Созмони байналмилалии Vine and Wine (ангурпарварӣ ва шаробсозӣ) Пабло Рош Бласко маълум шуд. Музокирот дар чаҳорчӯби ширкати Тоҷикистон дар Конфронси байнулмилалии гузариши рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар Боку сурат гирифт.Каримзода ва Бласко масъалаи узвияти Тоҷикистон дар созмони байналмилалиро баррасӣ карданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин масъала тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Ташкилоти байналхалкии Vine and Wine соли 1924 таъсис ёфтааст. Имруз зиёда аз 50 мамлакат аъзои ин ташкилот мебошанд. Ин созмон дар Париж ҷойгир аст. Созмони байнулмилалии токпарварӣ ва шаробсозӣ - OIV як созмони байниҳукуматӣ буда, ба ҷанбаҳои техникӣ ва илмии токпарварӣ ва шаробсозӣ машғул аст. Соҳаи фаъолияти ташкилот истеҳсоли ангурро барои мақсадҳои гуногун, яъне на танҳо барои май, балки барои истеҳсоли ангури суфра ва мавиз низ дар бар мегирад.Қаблан маълум шуд, ки дар корхонаи бузурги истеҳсолии "Оби Зулол"-и вилояти Суғд хатти нави коркарди ангури тоҷик ба кор даромад, ки маҳсулоти гуногун аз ин мева истеҳсол мекунад.
https://sputnik.tj/20220204/quvvatnoki-kam-naboshad-qoida-istehsoli-araq-1045484723.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/17/1029751765_166:0:1874:1281_1920x0_80_0_0_b427f9c17df0340c28fd510c843a8b19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон вино ангур
Тоҷикистон мехоҳад ба Созмони байналмилалии токпарварӣ шомил шавад
Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо Созмони байналмилалии ангурпарварӣ ва шаробсозӣ Vine and Wine узвияти эҳтимолияшро дар ин ташкилоти муътабар баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад ба Созмони байналмилалии ангурпарварӣ ва шаробсозӣ - International Organisation of Vine and Wine (OIV) шомил шавад, хабар дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Дар ин бора баъд аз мулоқоти Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо директори генералии Созмони байналмилалии Vine and Wine (ангурпарварӣ ва шаробсозӣ) Пабло Рош Бласко маълум шуд.
Музокирот дар чаҳорчӯби ширкати Тоҷикистон дар Конфронси байнулмилалии гузариши рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар Боку сурат гирифт.
Каримзода ва Бласко масъалаи узвияти Тоҷикистон дар созмони байналмилалиро баррасӣ карданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин масъала тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки Ташкилоти байналхалкии Vine and Wine соли 1924 таъсис ёфтааст. Имруз зиёда аз 50 мамлакат аъзои ин ташкилот мебошанд. Ин созмон дар Париж ҷойгир аст.
Созмони байнулмилалии токпарварӣ ва шаробсозӣ - OIV як созмони байниҳукуматӣ буда, ба ҷанбаҳои техникӣ ва илмии токпарварӣ ва шаробсозӣ машғул аст.
Соҳаи фаъолияти ташкилот истеҳсоли ангурро барои мақсадҳои гуногун, яъне на танҳо барои май, балки барои истеҳсоли ангури суфра ва мавиз низ дар бар мегирад.
Қаблан маълум шуд, ки дар корхонаи бузурги истеҳсолии "Оби Зулол"-и вилояти Суғд хатти нави коркарди ангури тоҷик ба кор даромад, ки маҳсулоти гуногун аз ин мева истеҳсол мекунад.