https://sputnik.tj/20220507/ruz-ghalaba-tojikiston-tajlil-1048273087.html
Рӯзи ғалабаро дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мекунанд
Рӯзи ғалабаро дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маросими гузоштани гулчанбар сарвари давлат, собиқадорон иштирок намуда, роҳбарони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват шудаанд
2022-05-07T13:22+0500
2022-05-07T13:22+0500
2022-05-07T13:35+0500
дар тоҷикистон
рӯзи ғалаба
ҷбв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048218455_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_38d6f4c62b62b0d72085ed447d5c9b0c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Рӯзи 9 май дар Тоҷикистон 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ дар назди "Оташи ҷовидон" баргузор мешавад. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад кард. Дар ин чорабинӣ собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ, аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, раҳбарони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард. Рӯзи ғалаба дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ бо чорабиниҳои идона таҷлил мегардад.Рӯзи 5 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳ ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ бахшида шудаанд. Намоишгоҳро то 15 май тамошо кардан мумкин аст. Дар намоишгоҳ аз Фонди осорхонаи миллӣ беш аз 80 расму нимпайкараҳои нодир, ҳуҷҷату аксҳо гузошта шудаанд. Тамошобинон бо ордену медалҳое шинос мешаванд, ки дар бораи шуҷоат ва фидокории ҷанговарони Ҷанги дуюми ҷаҳон нақл мекунанд. Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба рӯзҳои 7 ва 8 май як консерти калон баргузор мешавад.Дар барномаи фарҳангӣ сурудҳои солҳои ҷанг, инчунин композисияҳои замонавӣ намоиш дода, порчаҳо аз намоишномаҳои театрӣ пешкаши ҳозирин дода мешаванд. Дар ин ҷашн хонандагони мактаби санъати ба номи Аминзода ҳунарнамоӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 Ҷашни ғалабаро дар Тоҷикистон 59 сарбозе, ки дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардаанд, таҷлил хоҳанд кард.Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд.Бино бар охирин маълумоти ахир, дар шаҳри Душанбе 9 нафар, дар вилояти Суғд 19 нафар, дар вилояти Хатлон 18 нафар, дар шаҳри Турсунзода 2 нафар, дар ноҳияи Рӯдакӣ 1 нафар, Шаҳринав 3 нафар, Ҳисор 3 нафар ва 2 нафар дар Варзоб, Файзобод — 1, Сангвор — 1нафар собиқадорон ба сар мебаранд. Куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ Рашид Каримов, ки дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, 110 сол дорад. Рашид Каримов 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст. "Ҷавонтарин" собиқадорони ҶБВ Салом Сафаров аз ноҳияи Варзоб ва Раҷаб Қурбонов аз ноҳияи Сангвор 96-сола шуданд.Қаблан хабар дода шуд, ки раҳбари Тоҷикистон фармон дар бораи то 9 май пардохтани кумакҳои моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватаниро имзо кардааст. Ба ҳар як собиқадорон 15 000 сомонӣ (1200 доллар) пардохт хоҳад шуд. Кӯмаки молиявӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҷангӣ аз ҷониби мақомоти вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ низ дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220506/ishtirok-rahmon-marosimi-gulchambarguzori-ruzi-ghalaba-1048255260.html
https://sputnik.tj/20220506/kumak-rahmon-kuhnasarboz-jbv-1048236494.html
https://sputnik.tj/20220506/rais-sughd-khalq-tojik-qahramoni-jbv-1048250474.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048218455_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_7515faeb00b10d8c193d807ecf5e6783.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзи ғалаба тоҷикистон таҷлил
рӯзи ғалаба тоҷикистон таҷлил
Рӯзи ғалабаро дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мекунанд
13:22 07.05.2022 (Навсозишуда: 13:35 07.05.2022) Дар маросими гузоштани гулчанбар сарвари давлат, собиқадорон иштирок намуда, роҳбарони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Рӯзи 9 май дар Тоҷикистон 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 таҷлил мешавад.
Дар ин рӯз дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ дар назди "Оташи ҷовидон" баргузор мешавад.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад кард.
Дар ин чорабинӣ собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ, аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, раҳбарони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард.
Рӯзи ғалаба дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ бо чорабиниҳои идона таҷлил мегардад.
Рӯзи 5 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳ ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ бахшида шудаанд.
Намоишгоҳро то 15 май тамошо кардан мумкин аст. Дар намоишгоҳ аз Фонди осорхонаи миллӣ беш аз 80 расму нимпайкараҳои нодир, ҳуҷҷату аксҳо гузошта шудаанд.
Тамошобинон бо ордену медалҳое шинос мешаванд, ки дар бораи шуҷоат ва фидокории ҷанговарони Ҷанги дуюми ҷаҳон нақл мекунанд.
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба рӯзҳои 7 ва 8 май як консерти калон баргузор мешавад.
Дар барномаи фарҳангӣ сурудҳои солҳои ҷанг, инчунин композисияҳои замонавӣ намоиш дода, порчаҳо аз намоишномаҳои театрӣ пешкаши ҳозирин дода мешаванд. Дар ин ҷашн хонандагони мактаби санъати ба номи Аминзода ҳунарнамоӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 Ҷашни ғалабаро дар Тоҷикистон 59 сарбозе, ки дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардаанд, таҷлил хоҳанд кард.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд.
Бино бар охирин маълумоти ахир, дар шаҳри Душанбе 9 нафар, дар вилояти Суғд 19 нафар, дар вилояти Хатлон 18 нафар, дар шаҳри Турсунзода 2 нафар, дар ноҳияи Рӯдакӣ 1 нафар, Шаҳринав 3 нафар, Ҳисор 3 нафар ва 2 нафар дар Варзоб, Файзобод — 1, Сангвор — 1нафар собиқадорон ба сар мебаранд.
Куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ Рашид Каримов, ки дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, 110 сол дорад. Рашид Каримов 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.
"Ҷавонтарин" собиқадорони ҶБВ Салом Сафаров аз ноҳияи Варзоб ва Раҷаб Қурбонов аз ноҳияи Сангвор 96-сола шуданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки раҳбари Тоҷикистон фармон дар бораи то 9 май пардохтани кумакҳои моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватаниро имзо кардааст. Ба ҳар як собиқадорон 15 000 сомонӣ (1200 доллар) пардохт хоҳад шуд.
Кӯмаки молиявӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҷангӣ аз ҷониби мақомоти вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ низ дода мешавад.