https://sputnik.tj/20220505/tamdid-mahdudiyat-parvoz-janub-rusiya-1048204963.html
Тамдиди маҳдудияти парвоз ба ҷануби Русия
Тамдиди маҳдудияти парвоз ба ҷануби Русия
Sputnik Тоҷикистон
"Росавиатсия" барои бори 11-ум маҳдудияти парвозҳо ба фурудгоҳҳои қисмати марказӣ ва ҷануби Русияро аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина тамдид кард
2022-05-05T13:50+0500
2022-05-05T13:50+0500
2022-05-05T15:48+0500
дар русия
нақлиёт
парвоз
ҳавопаймо
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042900813_0:0:1947:1095_1920x0_80_0_0_62441e8bc09d7603449c51df5028fe1f.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷанубӣ ва марказии Русия то 13 май тамдид гардид, хабар дод "Росавиатсия".Ин 11-умин ҳолати тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар қаламрави Русия аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина мебошад. Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд."Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд."Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220504/mahdudiyat-furudgoh-maskav-tamrin-1048180325.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042900813_116:0:1847:1298_1920x0_80_0_0_753b784246db570743d8a2c4585d9fed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамдид, маҳдудият, парвоз, ҷануб, русия
тамдид, маҳдудият, парвоз, ҷануб, русия
Тамдиди маҳдудияти парвоз ба ҷануби Русия
13:50 05.05.2022 (Навсозишуда: 15:48 05.05.2022) "Росавиатсия" барои бори 11-ум маҳдудияти парвозҳо ба фурудгоҳҳои қисмати марказӣ ва ҷануби Русияро аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина тамдид кард
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷанубӣ ва марказии Русия то 13 май тамдид гардид, хабар дод "Росавиатсия".
"То 13-уми май, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз дар 11 фурудгоҳ дар ҷанубу маркази Русия идома меёбад", - омадааст дар иттилоия.
Ин 11-умин ҳолати тамдиди маҳдудияти парвозҳо дар қаламрави Русия аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина мебошад.
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
"Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.