Сӯхтори махзани нафт дар Макеевка хомӯш карда шуд - видео

Обуна шудан
Сӯхтор, ки бар асари зарбаи нерӯҳои украинӣ дар пойгоҳи нафти шаҳри Макеевкаи ҷумҳурии халқии Донетск ба вуҷуд омад, пурра хомӯш карда шуд
Ҳудуди 36 адад техника ва 149 оташнишон сӯхтор дар пойгоҳи нафти Макеевкаро комилан бартараф карданд, хабар дод Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурии халқии Донетск.
Ин сӯхтор бар асари тирпаронии нерӯҳои украинӣ 4 май сар зада, ба иттилои мақомоти ҶХД дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар осеб дидаанд.
Дар пойгоҳ 4 захирагоҳи нафт, ки ғунҷоиши ҳар кадомашон 5 ҳазор тонро ташкил медиҳад, оташ гирифта буданд. Пеш аз зуҳри 5 май мақомоти ҳолатҳои фавқулодда аз пурра хомӯш кардани сӯхтор дар махзани нафт хабар доданд.
Макеевка аз шаҳрҳои бузурги Донестк мебошад, ки мунтазам ҳадафи тирпарронӣ аз сӯи нерӯҳои украинӣ қарор мегирад.
Талаби нозиёни "Азовстал" барои ивази шаҳрвандон ба озуқа
Ба иттилои мақомоти ҶХД, минтақаҳои ин ҷумҳурӣ тайи шабонарӯзи охир 28 бор ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, дар натиҷа 3 сокини мулкӣ кушта шуда, 25 нафар маҷруҳ гардиданд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0