https://sputnik.tj/20220505/lukashenko-istifoda-siloh-hastai-1048216796.html
Лукашенко имкони истифодаи силоҳи ҳастаиро ғайриқобили қабул хонд
Лукашенко имкони истифодаи силоҳи ҳастаиро ғайриқобили қабул хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Белорус имкони истифода аз силоҳи ҳастаиро ғайри қобили қабул хонд. Ӯ гуфт, агар истифода шавад, худи мо нобуд хоҳем шуд
2022-05-05T18:20+0500
2022-05-05T18:20+0500
2023-10-02T17:11+0500
александр лукашенко
ҳастаӣ
аслиҳа
белорус
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1d/1039830282_0:0:3165:1781_1920x0_80_0_0_b152206dd95015ca3ed323053a9d3a18.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Истифодаи силоҳи ҳастаӣ қобили қабул нест, гуфт кишвардори Белорус Александр Лукашенко.Хабарнигори "Ассошиэйтед пресс" рӯзи панҷшанбе зимни мусоҳиба назари Александр Лукашенкоро дар бораи имкони истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар сурати тамдиди амалиёти ҷангӣ дар Украина пурсидааст.Вай таъкид кард, ки "истифодаи силоҳи ҳастаӣ қобили қабул нест, чун дар сурати истифода аз он худ нобуд хоҳем шуд", - хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба дафтари матбуотии раҳбари Беларус."Метавонад Русия ё не, ин суолро аз раҳбарияти Русия бояд пурсед", - гуфт ӯ.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд. Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд. Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс номид.
https://sputnik.tj/20220504/kreml-basichsozi-ghalaba-safsata-1048188385.html
белорус
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1d/1039830282_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_729849d6a9dcec0708846075d4bef159.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашенко, истифодаи силоҳи ҳастаӣ,
лукашенко, истифодаи силоҳи ҳастаӣ,
Лукашенко имкони истифодаи силоҳи ҳастаиро ғайриқобили қабул хонд
18:20 05.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раисҷумҳури Беларус имкони истифода аз силоҳи ҳастаиро ғайриқобили қабул хонд. Ӯ гуфт, "агар истифода шавад, худи мо нобуд хоҳем шуд"
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Истифодаи силоҳи ҳастаӣ қобили қабул нест, гуфт кишвардори Белорус Александр Лукашенко.
Хабарнигори "Ассошиэйтед пресс" рӯзи панҷшанбе зимни мусоҳиба назари Александр Лукашенкоро дар бораи имкони истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар сурати тамдиди амалиёти ҷангӣ дар Украина пурсидааст.
"Ман бовар дорам, ки истифодаи силоҳи ҳастаӣ ғайриқобили қабул аст, зеро он дар паҳлуи мост. На дар он тарафи уқёнус, ба монанди Иёлоти Муттаҳида. Ин тамоман қобили қабул нест... ", - иқтибос меорад хадамоти матбуотӣ аз суханони Лукашенко.
Вай таъкид кард, ки "истифодаи силоҳи ҳастаӣ қобили қабул нест, чун дар сурати истифода аз он худ нобуд хоҳем шуд", - хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба дафтари матбуотии раҳбари Беларус.
"Метавонад Русия ё не, ин суолро аз раҳбарияти Русия бояд пурсед", - гуфт ӯ.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд.
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март, онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс номид.