https://sputnik.tj/20220505/korshinos-muhojironi-rusiya-intikhob-1048193126.html
Коршинос гуфт, ки чаро муҳоҷирони корӣ Русияро интихоб мекунанд
Коршинос гуфт, ки чаро муҳоҷирони корӣ Русияро интихоб мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия наметарсанд: хориҷиён медонанд, ки дар Федератсияи Русия ҳамеша барои онҳо кор мавҷуд хоҳад буд
2022-05-05T09:05+0500
2022-05-05T09:05+0500
2022-05-05T12:30+0500
муҳоҷират
дар русия
ом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408835_0:380:2965:2048_1920x0_80_0_0_391c5cf50f841dd6f6d6111bd06c17eb.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Сафари хориҷиҳо ба Русия қатъ намешавад. Дар ин бора дар суҳбат бо Sputnik Ӯзбекистон мутахассиси бахши муҳоҷират Дмитрий Полетаев изҳори назар кард.Ба гуфтаи вай, дар соли 2022 теъдоди патентҳое, ки ба шаҳрвандони дигар давлатҳо додаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.Полетаев таъкид кард, ки бозорҳои кории фазои Авруосиё, ки муҳоҷирон вориди он мешаванд, кайҳо ташаккул ёфтаанд. Хориҷиён кор дар Русияро афзалтар медонанд.Илова бар ин коршинос гуфт, барои онҳое, ки мехоҳанд, дар Русия кор пайдо кунанд, чӣ гуна ҷойҳои коре боз хоҳанд шуд ва чаро мутахассисони Осиёи Марказӣ махсус ба ин кишвар меоянд.Қаблан Полетаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз эҳтимоли ифтитоҳи марокизи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои муҳоҷирон хабар дода буд, ки тавассути онҳо коргарони муҳоҷир метавонанд аз дарёфти кумакҳои мухталиф бархурдор шаванд.Аммо ташкили ин гуна марокиз моҳҳо ва ҳатто солҳо замонро талаб мекунад. Ба эътиқоди коршинос, марказҳо бояд миёни хориҷиён маҳбубият пайдо кунанд ва эътимоди онҳоро ба даст оваранд.Ахиран Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ҷараёни муҳоҷират дар кишвар ба сатҳи қабл аз коронавирус баргаштааст.Дар муқоиса бо аввали соли 2021 дар соҳаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони дигар давлатҳо тағйироти ҷиддие ба мушоҳида нарасидааст, қайд кард ин ниҳод.Барои муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Ленинград ва вилояти Маскав, инчунин кишвари Краснодар, вилояти Свердловск, Приморский ва дигарҳо ҷолибтарин макон барои кор будаанд.
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408835_580:431:2736:2048_1920x0_80_0_0_ed06d6519be157b32449292a94aeea66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия муҳоҷират кор полетаев ом
русия муҳоҷират кор полетаев ом
Коршинос гуфт, ки чаро муҳоҷирони корӣ Русияро интихоб мекунанд
09:05 05.05.2022 (Навсозишуда: 12:30 05.05.2022) Муҳоҷирон аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия наметарсанд, хориҷиён медонанд, ки дар Федератсияи Русия ҳамеша барои онҳо кор мавҷуд хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Сафари хориҷиҳо ба Русия қатъ намешавад. Дар ин бора дар суҳбат бо Sputnik Ӯзбекистон мутахассиси бахши муҳоҷират Дмитрий Полетаев изҳори назар кард.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2022 теъдоди патентҳое, ки ба шаҳрвандони дигар давлатҳо додаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.
"Дар семоҳаи аввали соли 2021 229 ҳазор ва дар давраи мушобеҳи соли 2022 517 ҳазор иҷозатнома дода шуд. Теъдоди патентҳои амалкунанда низ ду баробар афзуда, ба 2,1 миллион расидааст", - қайд кард ин коршинос.
Полетаев таъкид кард, ки бозорҳои кории фазои Авруосиё, ки муҳоҷирон вориди он мешаванд, кайҳо ташаккул ёфтаанд. Хориҷиён кор дар Русияро афзалтар медонанд.
Илова бар ин коршинос гуфт, барои онҳое, ки мехоҳанд, дар Русия кор пайдо кунанд, чӣ гуна ҷойҳои коре боз хоҳанд шуд ва чаро мутахассисони Осиёи Марказӣ махсус ба ин кишвар меоянд.
Қаблан Полетаев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз эҳтимоли ифтитоҳи марокизи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои муҳоҷирон хабар дода буд, ки тавассути онҳо коргарони муҳоҷир метавонанд аз дарёфти кумакҳои мухталиф бархурдор шаванд.
Аммо ташкили ин гуна марокиз моҳҳо ва ҳатто солҳо замонро талаб мекунад. Ба эътиқоди коршинос, марказҳо бояд миёни хориҷиён маҳбубият пайдо кунанд ва эътимоди онҳоро ба даст оваранд.
Ахиран Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ҷараёни муҳоҷират дар кишвар ба сатҳи қабл аз коронавирус баргаштааст.
Дар муқоиса бо аввали соли 2021 дар соҳаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони дигар давлатҳо тағйироти ҷиддие ба мушоҳида нарасидааст, қайд кард ин ниҳод.
Барои муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Ленинград ва вилояти Маскав, инчунин кишвари Краснодар, вилояти Свердловск, Приморский ва дигарҳо ҷолибтарин макон барои кор будаанд.