https://sputnik.tj/20220505/haqiqati-talkh-olmon-davat-afzoish-narkh-1048211304.html
“Ҳақиқати талх”: Аз олмониҳо даъват карданд, ба афзоиши доими нарх омода бошанд
“Ҳақиқати талх”: Аз олмониҳо даъват карданд, ба афзоиши доими нарх омода бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисоди Олмон ахиран дар ҷамъи оҳибкорони кишвараш аз сокинони Олмон даъват кард, ки ба афзоиши доими нарх омода бошанд
2022-05-05T15:50+0500
2022-05-05T15:50+0500
2022-05-05T17:41+0500
олмон
дар ҷаҳон
иқтисод
таҳрим
болоравии нарх
фишор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/17/1042460814_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_f8bc9d4cd4ec8874604f445cdfd9cd29.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Роберт Ҳабек, вазири рушди иқтисоди Олмон аз ҳамватанони худ даъват кард, ба нархи баланди нерӯи барқ барои муддати тӯлонӣ омода бошанд, иттилоъ додааст "Deutsche Wirtschafts Nachrichten".Вай пас аз мулоқот бо раҳбарони иттиҳодияҳои соҳибкории хурду миёна гуфт: "Мо минбаъд низ нархҳои баландро бояд ба назар бигирем. Ин як ҳақиқати талху сахт аст".Ба гуфтаи вазир, ҳукумат барои таъмини пардохтпазирӣ ва нигоҳ доштани мавқеи ширкатҳо дар бозор барномаҳои мухталифи кумакиро роҳандозӣ кардааст.“Ман наметавонам ба шумо ин хабари талхро нагӯям: пеши роҳи болоравии нархи гурӯҳҳои гуногуни маҳсулотро гирифта наметавонем. Дар акси ҳол ин бор мо аз уҳдаи худ баромада наметавонем, — илова кард Ҳабек ва таъкид кард, ки “давраи сӯзишвории арзон ба охир расид”.Илова бар ин ӯ пайомадҳои манфии эҳтимолии манъи нафти Русияро эътироф карда, қайд кард, ки чунин тадбир дар Олмон низ бетаъсир нахоҳад буд.Як рӯз пеш раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен бастаи шашуми таҳримҳо бар зидди Русияро эълон кард, ки ҷорӣ кардани манъи марҳалаи харидории нафт аз Русияро пешбинӣ мекунад. Аммо баъзе аз кишварҳои аврупоӣ дар ин бора ба созиш нарасиданд: Юнон, Малта ва Кипр ба манъи интиқоли нафти Русия мухолифат карданд.Ба гуфтаи Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, дар 5-10 соли оянда Иттиҳодияи Аврупо эҳтимол манобеи энержии Русияро комилан иваз карда тавонад.Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина Ғарб таҳрими алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд. Аксари ширкатҳои номдор аз тарки бозори Русия хабар доданд. Кремл таҳримҳои навро ҷанги иқтисодӣ номид, аммо таъкид кард, ки онҳо ба чунин иқдоми ғайридӯстонаи кишварҳои Ғарб омода буданд.
https://sputnik.tj/20220504/olmon-ikhroj-safir-ukraina-1048187080.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/17/1042460814_545:0:3000:1841_1920x0_80_0_0_1a8330976084ffa92bf2cb2eddb36aec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, русия, таҳрим, нарх, боло, афзоиш
олмон, русия, таҳрим, нарх, боло, афзоиш
“Ҳақиқати талх”: Аз олмониҳо даъват карданд, ба афзоиши доими нарх омода бошанд
15:50 05.05.2022 (Навсозишуда: 17:41 05.05.2022) Вазири рушди иқтисоди Олмон ахиран дар ҷамъи соҳибкорони кишвараш аз сокинони Олмон даъват кард, ки ба афзоиши доими нарх омода бошанд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Роберт Ҳабек, вазири рушди иқтисоди Олмон аз ҳамватанони худ даъват кард, ба нархи баланди нерӯи барқ барои муддати тӯлонӣ омода бошанд, иттилоъ додааст "Deutsche Wirtschafts Nachrichten".
Вай пас аз мулоқот бо раҳбарони иттиҳодияҳои соҳибкории хурду миёна гуфт: "Мо минбаъд низ нархҳои баландро бояд ба назар бигирем. Ин як ҳақиқати талху сахт аст".
Ба гуфтаи вазир, ҳукумат барои таъмини пардохтпазирӣ ва нигоҳ доштани мавқеи ширкатҳо дар бозор барномаҳои мухталифи кумакиро роҳандозӣ кардааст.
“Ман наметавонам ба шумо ин хабари талхро нагӯям: пеши роҳи болоравии нархи гурӯҳҳои гуногуни маҳсулотро гирифта наметавонем. Дар акси ҳол ин бор мо аз уҳдаи худ баромада наметавонем, — илова кард Ҳабек ва таъкид кард, ки “давраи сӯзишвории арзон ба охир расид”.
Илова бар ин ӯ пайомадҳои манфии эҳтимолии манъи нафти Русияро эътироф карда, қайд кард, ки чунин тадбир дар Олмон низ бетаъсир нахоҳад буд.
Як рӯз пеш раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен бастаи шашуми таҳримҳо бар зидди Русияро эълон кард, ки ҷорӣ кардани манъи марҳалаи харидории нафт аз Русияро пешбинӣ мекунад. Аммо баъзе аз кишварҳои аврупоӣ дар ин бора ба созиш нарасиданд: Юнон, Малта ва Кипр ба манъи интиқоли нафти Русия мухолифат карданд.
Ба гуфтаи Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, дар 5-10 соли оянда Иттиҳодияи Аврупо эҳтимол манобеи энержии Русияро комилан иваз карда тавонад.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина Ғарб таҳрими алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд. Аксари ширкатҳои номдор аз тарки бозори Русия хабар доданд. Кремл таҳримҳои навро ҷанги иқтисодӣ номид, аммо таъкид кард, ки онҳо ба чунин иқдоми ғайридӯстонаи кишварҳои Ғарб омода буданд.