https://sputnik.tj/20220505/garavgoni-sokin-osoishta-noziyon-azovstal-1048195973.html
Эҳтимоли асорати 200 сокини осоишта дар "Азовстал"
Эҳтимоли асорати 200 сокини осоишта дар "Азовстал"
Sputnik Тоҷикистон
Тақрибан дусад ғайринизомӣ метавонанд дар биноҳои зеризаминии қаламрави "Азовстал", ки дар дасти ҷангҷӯёни "Азов" қарор доранд, бошанд
2022-05-05T10:44+0500
2022-05-05T10:44+0500
2022-05-05T12:07+0500
украина
дар русия
миллатгаро
баталони "азов"
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047876100_0:0:3104:1747_1920x0_80_0_0_68d2820436da9fff64c63b2688c35fa1.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Миллатгароёни украинӣ метавонанд беш аз 200 ғайринизомиро дар зери "Азовстал" нигоҳ доранд, гуфт намояндаи ситоди амалиёти озод кардани ин корхона. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ҳама талошҳо вазъ дар атрофи корхона ҳамчунон сангин аст. Ин дар ҳолест, ки бо ибтикори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва бо ҳимояти дабири кулли СММ рӯзи 1 май амалиёти наҷоти беш аз сад ғайринизомии асири миллатгароён дар қаламрави "Азовстал" роҳандозӣ шуд.Қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфта буд, ки низомиёни украинӣ дар тамоми самтҳои корхонаи "Азовстал" ба таври мустаҳкам муҳосира шудаанд.Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия миллатгароҳоро водор мекунанд, ки силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва мардумро раҳо кунанд."Таклифҳои батакрор ба миллатгароён дар бораи озод кардани мардуми осоишта ва ба замин гузоштани аслиҳаи онҳо бо кафолати наҷоти ҷон, бархӯрди муносибу тибқи қонунҳои байналмилалӣ аз ҷониби онҳо нодида гирифта шуд. Мо ин кӯшишҳоро идома медиҳем", - афзуд Шойгу.Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дода буд, ки ҳамла ба корхона лағв шавад, аммо ба ҷонибдорӣ аз бастани корхона изҳори назар кард. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ҳамаи онҳое, ки таслим шудаанд, кафолати зиндагӣ доранд.Ҳамин тариқ дар вақти режими хомӯшӣ аз минтақаи "Азовстал" ва маҳаллаҳои наздики он чандсад нафар аз шаҳрвандон бароварда шуданд. Онҳо бо хобгоҳ, хӯрок, ёрии тиббӣ таъмин карда шуданд.Вазорати дифои Русия қайд кард, ки ба ибтикори Путин имкони наҷоти занону кӯдакони боздоштшуда аз қаламрави "Азовстал" пайдо шуд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Ҳадафи он, ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳимоят аз афродест, ки тайи 8 соли ахир таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд.Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Вазифаи асосии марҳалаи якуми амалиёти махсус анҷом ёфт. Артиши Русия иқтидори ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст.
https://sputnik.tj/20220504/shoygu-naqliyot-nato-siloh-ukraina-zarba-1048178621.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/16/1047876100_375:0:3104:2047_1920x0_80_0_0_38d22acc5c4477abad831a718f07abb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гаравгони сокин осоишта нозиён "азовстал"
гаравгони сокин осоишта нозиён "азовстал"
Эҳтимоли асорати 200 сокини осоишта дар "Азовстал"
10:44 05.05.2022 (Навсозишуда: 12:07 05.05.2022) Тақрибан дусад ғайринизомӣ эҳтимол дар биноҳои зеризаминии қаламрави "Азовстал", ки дар дасти ҷангҷӯёни "Азов" қарор дорад, дар асорат бошанд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Миллатгароёни украинӣ метавонанд беш аз 200 ғайринизомиро дар зери "Азовстал" нигоҳ доранд, гуфт намояндаи ситоди амалиёти озод кардани ин корхона.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ҳама талошҳо вазъ дар атрофи корхона ҳамчунон сангин аст.
Ин дар ҳолест, ки бо ибтикори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва бо ҳимояти дабири кулли СММ рӯзи 1 май амалиёти наҷоти беш аз сад ғайринизомии асири миллатгароён дар қаламрави "Азовстал" роҳандозӣ шуд.
"Пеш аз ҳама ин ба он вобаста аст, ки беш аз 200 ғайринизомӣ, аз ҷумла занон, кӯдакон ва пиронсолон аз ҷониби фашистони азов дар биноҳои зеризаминии корхона эҳтимол дорад, иҷборӣ нигоҳдорӣ шаванд", - гуфтааст як манбаъ ба РИА "Новости".
Қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфта буд, ки низомиёни украинӣ дар тамоми самтҳои корхонаи "Азовстал" ба таври мустаҳкам муҳосира шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия миллатгароҳоро водор мекунанд, ки силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва мардумро раҳо кунанд.
"Таклифҳои батакрор ба миллатгароён дар бораи озод кардани мардуми осоишта ва ба замин гузоштани аслиҳаи онҳо бо кафолати наҷоти ҷон, бархӯрди муносибу тибқи қонунҳои байналмилалӣ аз ҷониби онҳо нодида гирифта шуд. Мо ин кӯшишҳоро идома медиҳем", - афзуд Шойгу.
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дода буд, ки ҳамла ба корхона лағв шавад, аммо ба ҷонибдорӣ аз бастани корхона изҳори назар кард. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ҳамаи онҳое, ки таслим шудаанд, кафолати зиндагӣ доранд.
Ҳамин тариқ дар вақти режими хомӯшӣ аз минтақаи "Азовстал" ва маҳаллаҳои наздики он чандсад нафар аз шаҳрвандон бароварда шуданд. Онҳо бо хобгоҳ, хӯрок, ёрии тиббӣ таъмин карда шуданд.
Вазорати дифои Русия қайд кард, ки ба ибтикори Путин имкони наҷоти занону кӯдакони боздоштшуда аз қаламрави "Азовстал" пайдо шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Ҳадафи он, ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳимоят аз афродест, ки тайи 8 соли ахир таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Вазифаи асосии марҳалаи якуми амалиёти махсус анҷом ёфт. Артиши Русия иқтидори ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст.