https://sputnik.tj/20220504/tashdid-ikhroj-muhojiron-afghoniston-eron-1048160745.html
Ташдиди ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз Эрон
Ташдиди ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (IOM) мегӯяд, ки пас аз тасаллути толибон бар Афғонистон, Эрон ихроҷи муҳоҷирони афғонистониро ташдид кардааст
2022-05-04T09:00+0500
2022-05-04T09:00+0500
2022-05-04T20:28+0500
афғонистон
эрон
муҳоҷират
муҳоҷирин
ихроҷ
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759861_0:0:2748:1546_1920x0_80_0_0_c9ad543e350fc3d7ab8b7a0548c71a30.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Муовини дафтари намояндагии Созмони Муҳоҷират дар Афғонистон ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли равон ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ 60 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ба гуфтаи вай, дар ин давра ҳудуди 250 ҳазор паноҳҷӯ ба Афғонистон баргаштаанд.Вай афзуд, ки барои аксари ин афрод роҳи расидан ба Эрон хеле душвор будааст.Тассаруфи ҳукумат аз сӯйи толибон мавҷи муҳоҷирати шаҳрвандонро бамаротиб афзоиш додааст. Гуфта мешавад, ки ҳудуди як миллион нафар ба Эрон рафтаанд. Аксарияти паноҳҷӯён ба таври ғайриқонунӣ дар ҳоле вориди Эрон шудаанд, ки марз баста буд.Ахиран ниҳодҳои расмии Эрон хабар дода буданд, ки миёни ихроҷшудагон афғонистониҳое низ ҳастанд, ки ба таври ғайриқонунӣ ба Эрон сафар карда ва пас аз боздошти пулиси Эрон ба Афғонистон баргардонида шудаанд.Пас аз тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон садҳо ҳазор нафар аз афғонистониҳо ба таври ғайриқонунӣ ба Эрон ва Покистон муҳоҷират карданд. Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон бо бархӯрди шидид ва беэҳтиромии пулис рӯ ба рӯ шудаанд. Аммо мақомоти Эрон ин иддаоро шадидан рад мекунанд.
https://sputnik.tj/20220502/siposi-karzay-eron-kumak-mardumi-afghoniston-1048142421.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759861_305:0:2748:1832_1920x0_80_0_0_eeccb89ecb2deb699f3e51e998577629.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, паноҳҷӯён, ихроҷ, муҳоҷирон, тассалут
эрон, афғонистон, паноҳҷӯён, ихроҷ, муҳоҷирон, тассалут
Ташдиди ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз Эрон
09:00 04.05.2022 (Навсозишуда: 20:28 04.05.2022) Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) мегӯяд, ки пас аз тасаллути толибон бар Афғонистон Эрон ихроҷи муҳоҷирони афғонистониро ташдид кардааст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Муовини дафтари намояндагии Созмони Муҳоҷират дар Афғонистон ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ки дар се моҳи аввали соли равон ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ 60 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи вай, дар ин давра ҳудуди 250 ҳазор паноҳҷӯ ба Афғонистон баргаштаанд.
Вай афзуд, ки барои аксари ин афрод роҳи расидан ба Эрон хеле душвор будааст.
Тассаруфи ҳукумат аз сӯйи толибон мавҷи муҳоҷирати шаҳрвандонро бамаротиб афзоиш додааст. Гуфта мешавад, ки ҳудуди як миллион нафар ба Эрон рафтаанд. Аксарияти паноҳҷӯён ба таври ғайриқонунӣ дар ҳоле вориди Эрон шудаанд, ки марз баста буд.
Ахиран ниҳодҳои расмии Эрон хабар дода буданд, ки миёни ихроҷшудагон афғонистониҳое низ ҳастанд, ки ба таври ғайриқонунӣ ба Эрон сафар карда ва пас аз боздошти пулиси Эрон ба Афғонистон баргардонида шудаанд.
Пас аз тасарруфи Афғонистон аз сӯйи толибон садҳо ҳазор нафар аз афғонистониҳо ба таври ғайриқонунӣ ба Эрон ва Покистон муҳоҷират карданд. Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон бо бархӯрди шидид ва беэҳтиромии пулис рӯ ба рӯ шудаанд. Аммо мақомоти Эрон ин иддаоро шадидан рад мекунанд.