Роҳи Душанбе - Хоруғ баста шуд

© Foto / Хадамоти матбуоти мақомоти ВМКБВосстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото
Восстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Барои бартараф кардани пайомадҳои ин офати табиӣ техникаҳои муҳандисии МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида, корҳо ба шиддат идома доранд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Роҳи байналмилалии самти Душанбе - Хоруғ бар асари фаромадани сел баста шудааст.
Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар додааст.
Гуфта мешавад, роҳ дар километри 448-и мавзеи Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ масдуд шудааст.
Сабаби баста шудани роҳ фаромадани сел гуфта шудааст.
Манбаъ афзуда, ки дар айни замон барои бартараф кардани пайомадҳои ин офат техникаҳои муҳандисии МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида, корҳо ба шиддат идома доранд.
И.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Супориши Мирзонабот барои тезонидани бунёди манзил ба зарардидагони тарма дар Роштқалъа
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз номусоидии ҳаво то 6 май дар саросари кишвар ҳушдор дод.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол сахту тунд мевазад.
Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки боронҳои шадид метавонанд сабабгори рониши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир ва мардум бояд, дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд.
КҲФ зарари сел дар Суғдро муайян кард
Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат дода намешавад.
Лентаи хабарҳо
0