Намоиши беназири ҷангандаҳои Русия дар фазои Маскав: видеои диданӣ

Обуна шудан
Бори аввал 8 ҷангандаи "МиГ-29СМТ" дар шакли ҳарфи Z ба хотири ҳимоят аз низомиёни Русия, ки дар амалиёти вижа ширкат мекунанд, дар болои пойтахт парвоз карданд
Дар осмони Москва тамрини қисми фазонавардии Гузашти ғалаба, ки 9 май дар майдони "Сурх" барпо мегардад, баргузор шуд. Шумо метавонед парвози ҷангандаҳои пешрафта ва дигар техникаи низомиро дар видеои РИА "Новости" тамошо кунед.
Нахуст ҳавопаймоҳои мушакии стратегии "Ту-95МС" ва "Ту-160" "Қувони сафед", танкерҳои ҳавоии "Ил-78", ҷангандаҳои "МиГ-29", "Су-35С", "МиГ-31" ва баъдан ҳавопаймоҳои насли панҷуми "Су-57", ҳавопаймоҳои бомбандози "Ту-22М3", "Ил-80", инчунин болгардҳои "Ка-52", "Ми-28Н", "Ми-24", "Ми-8" намоиш дода шуд.
Зарбаи "Искандар"-и Русия ба объектҳои артиши Украина - видео
Ғайр аз ин бузургтарин чархболи боркаш дар ҷаҳон "Ми-26" дар болои Маскав парвоз кард.
Барои аввалин бор дар таърихи гузаштҳо 8 ҷангандаи "МиГ-29СМТ" аз майдони "Сурх" дар шакли ҳарфи "Z" барои ҳимоят аз низомиёни Русия, ки дар амалиёти вижа дар Украина ширкат мекунанд, намудор шуданд.
Намоиши қисмати авиатсионии гузаштро 9 ҷангандаи дастаҳои "Русские витязи", "Стрижи" ва сохтори "Кубинский бриллиант", инчунин 6 ҳавопаймои ҳамлагари "Су-25" анҷом доданд, ки дар рӯзи парад осмонро бо рангҳои парчами Русия мунаққаш хоҳанд кард.
Навори нобудсозии иншооти низомӣ аз сӯи "Аллигатор" дар Украина - видео
Қаблан ҷузъиёти гузашти дарпешистода дар Маскавро Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ошкор карда буд. Вай гуфт, ки дар раҳпаймоӣ 11 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард. Дар он аз 131 аслиҳа ва 77 ҳавопаймо истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0