https://sputnik.tj/20220504/maosh-jazo-muhosib-maktab-zarar-davlat-1048165918.html
Маошашро зиёд нишон дод: ҷазои муҳосиби мактаб барои зарар ба давлат
Маошашро зиёд нишон дод: ҷазои муҳосиби мактаб барои зарар ба давлат
Sputnik Тоҷикистон
Муҳосиби мактаб бо роҳи сохтакорӣ маошашро се маротиба боло бурд, ки дар пайи санҷише аз ҷониби мақомоти марбу боздошт гардид
2022-05-04T12:50+0500
2022-05-04T12:50+0500
2022-05-04T20:18+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
панҷакент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031865339_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_74b30a5f7c22a0b1370797b7d3194df0.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Панҷакент бо айби азхудсозии маблағҳои давлатӣ Маҷидов Ҳ.-ро ҷазо додааст.Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии куллӣ Тоҷикистон, Маҷидов замони дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Панҷакент кор карданаш ба давлат зарари молӣ расонидааст.Гуфта мешавад, ӯ дар давраи фаъолияти кориаш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то моҳи октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб дода, дар он бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнати худашро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон додааст.Манбаъ мегӯяд, оиди ҳолати мазкур аз ҷониби прокурори шаҳри Панҷакент нисбати Маҷидов Ҳ. бо моддаҳои 245 қисми 2, банди “г” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ бо ҳукми суд гунаҳгор дониста шуда, маҳкум карда шудааст.Маврид ба зикр аст, ки назари худи Маҷидову ҷониби ҳимояаш низ дар бораи ин қарор маълум нест.Қаблан мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 102 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 3 миллиону 956,8 ҳазор сомониро ошкор карда буданд.Аз ин миқдор камбуд ва тасарруфи воситаҳои пулию молии давлат ба маблағи 558,9 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220425/obu-loy-sughd-maqomot-pul-1047926326.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031865339_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_fa231e74c7a3a518f32194e44592e977.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маош ҷазо муҳосиб мактаб зарар давлат
маош ҷазо муҳосиб мактаб зарар давлат
Маошашро зиёд нишон дод: ҷазои муҳосиби мактаб барои зарар ба давлат
12:50 04.05.2022 (Навсозишуда: 20:18 04.05.2022) Муҳосиби мактаб бо роҳи сохтакорӣ маошашро се маротиба боло бурд, ки дар пайи санҷише аз ҷониби мақомоти зирабт боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Панҷакент бо айби азхудсозии маблағҳои давлатӣ Маҷидов Ҳ.-ро ҷазо додааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии куллӣ Тоҷикистон, Маҷидов замони дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Панҷакент кор карданаш ба давлат зарари молӣ расонидааст.
Гуфта мешавад, ӯ дар давраи фаъолияти кориаш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то моҳи октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб дода, дар он бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнати худашро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон додааст.
"Дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ ба номи худаш дар маҷмуъ, маблағи 76,534 сомонӣ музди меҳнат гузаронида, минбаъд ин маблағро аз они худ намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа ба манфиатҳои давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расидааст", - афзуд манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, оиди ҳолати мазкур аз ҷониби прокурори шаҳри Панҷакент нисбати Маҷидов Ҳ. бо моддаҳои 245 қисми 2, банди “г” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ бо ҳукми суд гунаҳгор дониста шуда, маҳкум карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки назари худи Маҷидову ҷониби ҳимояаш низ дар бораи ин қарор маълум нест.
Қаблан мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 102 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 3 миллиону 956,8 ҳазор сомониро ошкор карда буданд.
Аз ин миқдор камбуд ва тасарруфи воситаҳои пулию молии давлат ба маблағи 558,9 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.