https://sputnik.tj/20220504/khujand-osiyo-markazi-khalta-tamin-1048179948.html
Хуҷанд тамоми Осиёи Марказиро бо халта таъмин мекунад
Хуҷанд тамоми Осиёи Марказиро бо халта таъмин мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар марҳилаи аввал барои бунёди корхонаи нави "Азияполитекс" 2 миллион доллар сармоягузорӣ шуда буд, ки он халтаҳои ҳаҷман калон истеҳсол хоҳад кард
2022-05-04T16:54+0500
2022-05-04T16:54+0500
2022-05-04T18:43+0500
хуҷанд
ом
дар тоҷикистон
саноат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/07/1026830717_21:0:993:547_1920x0_80_0_0_9824e415377a97f1e5799230d9af9ac8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ сохта мешавад. Сохтмони иншоот дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" аллакай оғоз шудааст. Дар марҳилаи аввал барои бунёди корхонаи нави "Азияполитекс" 2 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 10 миллион долларро ташкил медиҳад. Корхона халтаҳоро барои боргирӣ истеҳсол хоҳад кард, ки зарфияташон аз 500 килограмм то 3 тонна аст. Маҳсулоти корхона асосан барои содирот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.Муайян шудааст, ки таҷҳизот ва хатти истеҳсолӣ аз кишварҳои хориҷӣ ворид карда мешавад. Ҳангоми ба роҳ мондани истеҳсолот 300 нафар аз сокинони маҳаллӣ метавонанд дар корхона соҳиби ҷойи кор шаванд ва дар оянда шумораи ҷойҳои корӣ ба 1000 нафар расонида мешавад. Қобили зикр аст, ки ҶДММ "Азия Политекс" як корхонаи Тоҷикистону Қазоқистон буда, дар истеҳсоли халтаҳои калони полипропиленӣ дар Тоҷикистон яке аз пешсафон аст. Иқтидори солонаи он 2 миллион дона аст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо корхонаи "Могилевлифтмаш"-и Беларус истеҳсоли лифтҳои боркаш ва мусофирбар ба роҳ монда шудааст.Ширкат ният дорад, ки сокинони вилоятро бо лифтҳои замонавӣ таъмин намояд. Илова бар ин корхона барои маъюбон эскалатору трассаторҳо, борбардорҳои сохтмониро истеҳсол хоҳад кард. Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" (МОИ "Суғд") соли 2009 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфтааст. МОИ "Суғд" дар қисми ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.
https://sputnik.tj/20220415/korkhona-tavlid-lifti-belorusi-khujand-1047676021.html
хуҷанд
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/07/1026830717_142:0:871:547_1920x0_80_0_0_7cbd94344f709c6992b44f0fcdeb30e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд осиёи марказиро халта
хуҷанд осиёи марказиро халта
Хуҷанд тамоми Осиёи Марказиро бо халта таъмин мекунад
16:54 04.05.2022 (Навсозишуда: 18:43 04.05.2022) Дар марҳилаи аввал барои бунёди корхонаи нави "Азияполитекс" 2 миллион доллар сармоягузорӣ шуда буд, ки он халтаҳои ҳаҷман калон истеҳсол хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ сохта мешавад.
Сохтмони иншоот дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" аллакай оғоз шудааст.
Дар марҳилаи аввал барои бунёди корхонаи нави "Азияполитекс" 2 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 10 миллион долларро ташкил медиҳад.
Корхона халтаҳоро барои боргирӣ истеҳсол хоҳад кард, ки зарфияташон аз 500 килограмм то 3 тонна аст.
Маҳсулоти корхона асосан барои содирот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.
"Дар корхона барои фаъолияти доимӣ коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ низ таъсис дода мешаванд", - омадааст дар хабарнома.
Муайян шудааст, ки таҷҳизот ва хатти истеҳсолӣ аз кишварҳои хориҷӣ ворид карда мешавад.
Ҳангоми ба роҳ мондани истеҳсолот 300 нафар аз сокинони маҳаллӣ метавонанд дар корхона соҳиби ҷойи кор шаванд ва дар оянда шумораи ҷойҳои корӣ ба 1000 нафар расонида мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҶДММ "Азия Политекс" як корхонаи Тоҷикистону Қазоқистон буда, дар истеҳсоли халтаҳои калони полипропиленӣ дар Тоҷикистон яке аз пешсафон аст. Иқтидори солонаи он 2 миллион дона аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо корхонаи "Могилевлифтмаш"-и Беларус истеҳсоли лифтҳои боркаш ва мусофирбар ба роҳ монда шудааст.
Ширкат ният дорад, ки сокинони вилоятро бо лифтҳои замонавӣ таъмин намояд. Илова бар ин корхона барои маъюбон эскалатору трассаторҳо, борбардорҳои сохтмониро истеҳсол хоҳад кард.
Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" (МОИ "Суғд") соли 2009 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфтааст. МОИ "Суғд" дар қисми ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.