Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Теъдоди гурезаҳо аз Украина ва Донбасс дар Русия аз 1,1 млн нафар гузашт

© Sputnik / Сергей Батурин / Гузариш ба медиабонкЭвакуация граждан из ДНР и ЛНР
Эвакуация граждан из ДНР и ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Обуна шудан
Тайи рӯзҳои аввали моҳи май зиёда аз 34 ҳазор гуреза аз Украина ва ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск вориди Русия шудаанд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Теъдоди умумии гурезаҳо аз Украина ва ҷумҳуриҳои халқии Донбасс дар Русия аз ҳадди 1,1 млн нафар гузашт, хабар дод РИА "Новости" аз қавли хадамоти изтирорӣ.
"Аз 1 то 3 май марзи Русияро 34,23 ҳазор гуреза аз убур кардаанд. Шумораи умумияшон 1,11 млн нафарро ташкил медиҳад, ки 197,5 ҳазорашон кӯдак мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар зимн баробари қабули гурезаҳо мақомоти Русия дар ҳудуди худи Украина низ даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияти тиббию дорувории заруриро ба сокинони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: Ба Зеленский сулҳ дар Украина даркор нест
Ахиран комиссари олии паноҳандагони СММ иттилоъ дод, ки аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳудуди 5,2 млн украинӣ ин кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки интиқоли васеи шаҳрвандон аз Донбасс нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид. Баъдан Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0