https://sputnik.tj/20220503/otashkushoi-tup-aviatsiya-azovstal-1048154674.html
Оташкушоӣ аз тӯпу авиатсия: дар "Азовстал" чӣ мегузарад?
Оташкушоӣ аз тӯпу авиатсия: дар "Азовстал" чӣ мегузарад?
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои украинӣ бо истифода аз низоми хомӯшии эълоншуда аз таҳхонаҳо баромада, мавқеъҳои мувофиқ барои оташкушоиро гирифтаанд, иттилоъ доданд мақомоти Русия
2022-05-03T19:25+0500
2022-05-03T19:25+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
донбасс
мариупол
баталони "азов"
оташ кушодан
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047768414_0:143:3133:1905_1920x0_80_0_0_d0cc0b1b692628b3b0d8ed7b904dd04e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Феълан мавқеъҳое, ки нерӯҳои украинӣ дар "Азовстал" барои оташкушоӣ гирифтанд, ҳадаф қарор дода шудаанд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Вадим Астафев, масъули дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Русия. Ба иттилои Астафев, нерӯҳои украинӣ бо истифода аз низоми хомӯшии эълоншуда аз таҳхонаҳо берун шуда, мавқеъҳои мувофиқ барои оташкушоиро ишғол кардаанд. "Мавқеъҳои оташкушоиро дар қаламрави "Азовстал" ва бинои корхона гирифтаанд. Айни ҳол воҳидҳои артиши Русия ва Ҷумҳурии Донетск бо истифода аз алтиллерия ва авиатсия ба нобудсозии ин мавқеъҳо пардхтаанд", - изҳор доштааст ӯ. Хабарнигори РИА "Новости" аз Мариупол хабар додаст, ки дар ҳудуди "Азовстал" садои оташкушоӣ аз тӯпҳо ба гӯш мерасаду дар болои корхона дуди сиёҳ баланд шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Русия, дар пайи роҳандозии низоми хомӯшӣ тайи рӯзҳои охир садҳо нафар аз қаламрави "Азовстал" берун карда шуданд. Аз беруншудаҳо бархеяшон тасмим гирифтаанд, дар Донбасс бимонанду гурӯҳи дигар рафтан ба қаламрави таҳти назорати Киевро ихтиёр намудаанд ва чунин имкон фароҳам шудааст. Маврид ба зикр аст, нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу эълом кард, ки шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи миллатгари "Азов"(алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст) дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.Бо фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ҳамла ба минтақаи саноатӣ лағв карда шуд. Ӯ гуфт, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод карда шавад, ки силоҳро ба замин гузоранд ва таъкид намуд, ки бархӯрд бо онҳо бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегираду ба маҷруҳон кумак расонда хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220503/medvedev-zelenskiy-sulh-ukraina-darkor-1048150831.html
мариупол
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/13/1047768414_200:0:2931:2048_1920x0_80_0_0_eb74ca837f6914626cd6428c3ec15655.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азовстал, амалиёт, оташкушоӣ
азовстал, амалиёт, оташкушоӣ
Оташкушоӣ аз тӯпу авиатсия: дар "Азовстал" чӣ мегузарад?
19:25 03.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Нерӯҳои украинӣ бо истифода аз низоми хомӯшии эълоншуда аз таҳхонаҳо баромада, мавқеъҳои мувофиқ барои оташкушоиро гирифтаанд, иттилоъ доданд мақомоти Русия
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Феълан мавқеъҳое, ки нерӯҳои украинӣ дар "Азовстал" барои оташкушоӣ гирифтанд, ҳадаф қарор дода шудаанд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Вадим Астафев, масъули дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Русия.
Ба иттилои Астафев, нерӯҳои украинӣ бо истифода аз низоми хомӯшии эълоншуда аз таҳхонаҳо берун шуда, мавқеъҳои мувофиқ барои оташкушоиро ишғол кардаанд.
"Мавқеъҳои оташкушоиро дар қаламрави "Азовстал" ва бинои корхона гирифтаанд. Айни ҳол воҳидҳои артиши Русия ва Ҷумҳурии Донетск бо истифода аз алтиллерия ва авиатсия ба нобудсозии ин мавқеъҳо пардхтаанд", - изҳор доштааст ӯ.
Хабарнигори РИА "Новости" аз Мариупол хабар додаст, ки дар ҳудуди "Азовстал" садои оташкушоӣ аз тӯпҳо ба гӯш мерасаду дар болои корхона дуди сиёҳ баланд шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Русия, дар пайи роҳандозии низоми хомӯшӣ тайи рӯзҳои охир садҳо нафар аз қаламрави "Азовстал" берун карда шуданд. Аз беруншудаҳо бархеяшон тасмим гирифтаанд, дар Донбасс бимонанду гурӯҳи дигар рафтан ба қаламрави таҳти назорати Киевро ихтиёр намудаанд ва чунин имкон фароҳам шудааст.
Маврид ба зикр аст, нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва рӯзи 21 апрел вазири дифоъ Сергей Шойгу эълом кард, ки шаҳр комилан озод шудааст, аммо беш аз ду ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи миллатгари "Азов"(алайҳи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст) дар корхонаи “Азовстал” боқӣ мондаанд.
Бо фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ҳамла ба минтақаи саноатӣ лағв карда шуд. Ӯ гуфт, ба муҳосирашудаҳо бори дигар пешниҳод карда шавад, ки силоҳро ба замин гузоранд ва таъкид намуд, ки бархӯрд бо онҳо бар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегираду ба маҷруҳон кумак расонда хоҳад шуд.