https://sputnik.tj/20220503/nashri-navor-amaliyoti-bombafkan-ukraina-1048149177.html
Нахустин бор: Нашри навори амалиёти бомбафкани "Су-24М" дар Украина
Нахустин бор: Нашри навори амалиёти бомбафкани "Су-24М" дар Украина
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Русия барои аввалин бор бомбафкании ҳавопаймои Су-24М бо истифода аз парашютҳо аз баландии хеле паст дар Украинаро нашр кард
2022-05-03T14:00+0500
2022-05-03T14:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
низомӣ
амалиёт
ҳавопаймо
бомб
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102488/69/1024886941_0:187:3073:1915_1920x0_80_0_0_bc5d7bafa50288cdc39bd6223ae1ca5f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Навори бомбафкании "Су-24М" бо суръати зиёду аз баландии қариб баробар ба дарахтонро Вазорати мудофиаи Русия нашр кард. Ба иттилои РИА "Новости", барои аввалин бор аст, ки мақомоти мудофиаи ин кишвар амалиёти "Су-24М"-ро дар ҳолати ҷангӣ нашр мекунанд. Дар навор лаҳзаи парвоз дар сатҳи қариб баробар ба дарахтон намоиш дода шуда, ҳавопаймо бомбҳои пайваст ба парашютро мепартояд. Сипас барои фиреби дастгоҳҳои зиддиҳавоии рақиб қапқонҳои тафсонро мепартояду бо суръати баланд аз ҷои амалиёт дур мешавад. Дар натиҷа ба иттилои мақомоти мудофиаи Русия паноҳгоҳҳои махсусан муҳим ва сахт муҳофизатшудаи рақиб нобуд гардиданд. Ҳавопаймои "Су-24М" барои пас гардондани рақиб ва ё шикасти хатти дифои душман аз пастиҳои ниҳоят кам таҳия шуда, қобилияти хуби ҳаракат дар минтақаҳои дорои релефи гуногунро дорад. Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102488/69/1024886941_51:0:2782:2048_1920x0_80_0_0_59835501c773ce980b20e14590b34830.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нашр, навор, амалиёт, бомбафканӣ, украина
нашр, навор, амалиёт, бомбафканӣ, украина
Нахустин бор: Нашри навори амалиёти бомбафкани "Су-24М" дар Украина
14:00 03.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазорати мудофиаи Русия барои аввалин бор бомбафкании "Су-24М" бо истифода аз парашютҳо аз баландии хеле паст дар Украинаро нашр кард
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Навори бомбафкании "Су-24М" бо суръати зиёду аз баландии қариб баробар ба дарахтонро Вазорати мудофиаи Русия нашр кард.
Ба иттилои РИА "Новости", барои аввалин бор аст, ки мақомоти мудофиаи ин кишвар амалиёти "Су-24М"-ро дар ҳолати ҷангӣ нашр мекунанд.
Дар навор лаҳзаи парвоз дар сатҳи қариб баробар ба дарахтон намоиш дода шуда, ҳавопаймо бомбҳои пайваст ба парашютро мепартояд. Сипас барои фиреби дастгоҳҳои зиддиҳавоии рақиб қапқонҳои тафсонро мепартояду бо суръати баланд аз ҷои амалиёт дур мешавад.
Дар натиҷа ба иттилои мақомоти мудофиаи Русия паноҳгоҳҳои махсусан муҳим ва сахт муҳофизатшудаи рақиб нобуд гардиданд.
Ҳавопаймои "Су-24М" барои пас гардондани рақиб ва ё шикасти хатти дифои душман аз пастиҳои ниҳоят кам таҳия шуда, қобилияти хуби ҳаракат дар минтақаҳои дорои релефи гуногунро дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия баъди эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск барои ҳимояи аҳолии Донбасс, 24 феврал аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дод.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.