Фоҷиа дар ду хонаводаи тоҷик: се кӯдак дар рӯзи ид ғарқ шуданд ва дутоашон бародар буданд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи фоҷиабор хабар медиҳад, ки дар пайи он ду кӯдак ҷон аз даст доду яке хушбахтона, наҷот ёфт
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ду рӯйдоди рӯзи Иди Рамазон дар Тоҷикистон бо фоҷиа анҷомид. Се кӯдак дар об ғарқ шуд, якеро наҷот доданд, дуи дигар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаи аввал рӯзи 2 май, соати 10:25 дақиқа рух додааст.
Ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон хабар расида, ки писарбачаи 10-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳангоме ки мехост, аз дарёи Вахш об нӯшад, мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста, ба дарё сарозер шудааст.
Дастаи ғаввосони раёсат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо аҳолии маҳал то фаро расидани торикӣ ҷасади ӯро ҷустуҷӯ кардаанд.

"Вале ин ҳама талошҳо бенатиҷа буданд. Субҳи имрӯз ҷустуҷӯи ҷасади писарак аз сар гирифта шудааст", - омадааст дар хабар.

Ҳодисиа дуюм дар шаҳри Ҳисор рух додааст.
Ин бор ду бародар, сокинони ҷамоати Сомони шаҳри Ҳисор, ки яке 7 ва дуюмӣ 6-сола буданд, ҳамроҳ бо модарашон барои таҷлили Иди Фитр ба ҳавлии бобояшон, ба деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Деҳқонобод рафтаанд.
Ғарқшавӣ ва фавти кӯдаки ноболиғ дар Хатлон: КҲФ сабабашро гуфт
Ба нақли КҲФ, ҳангоми гаштугузору идгардак ин бародарон хостанд, аз болои як қубуре, ки ду соҳили канали Калони Ҳисорро ба ҳам васл мекард, гузаранд. Вале ҳар ду ҳам натавонистанд мувозинати худро нигоҳ доранд ва ба оби канал уфтоданд.
Сокини деҳа Сайид Беков ин ҳодисаро дида, базудӣ худро ба об андохтааст. Мутаассифона, вай танҳо яке аз онҳо, писари 7-соларо наҷот дода ва додари шашсолаи вайро об бо худ бурдааст.

"Ба ҷойи ҳодиса дастаи имдодгарони раёсати кумита расиданд ва то торикӣ ҷасади писарбачаро ҷустанд. Аммо натиҷа надод. Сар аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ дубора оғоз шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сабаби ин фоҷиаҳоро беназорат будани кӯдакон медонад.
Ишқи мамнуъ? Ҷавону духтаре дар Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтанд
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз волидон хоҳиш мекунад, фарзандони ноболиғи худро ҳаргиз беназорат нагузоранд. Ҳамеша вақти будан дар назди махзанҳои об қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0