https://sputnik.tj/20220502/raisi-prezident-tojikiston-eron-davat-1048128098.html
Раҳмон ба Эрон меравад? Раисӣ маротибаи саввум президенти Тоҷикистонро даъват кард
Раҳмон ба Эрон меравад? Раисӣ маротибаи саввум президенти Тоҷикистонро даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Ҷумҳурии Эрон аллакай маротибаи саввум ҳамтои тоҷики худро баро анҷом додани сафари расмӣ ба меҳмонӣ даъват мекунад
2022-05-02T09:00+0500
2022-05-02T09:00+0500
2022-05-02T09:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иброҳим раисӣ
эрон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042349737_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_5797c6455fe2e89f9a7d183a5f0bbe01.jpg
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои эронии ӯ Саидиброҳим Раисӣ ба Эрон даъват намудааст. Ин аллакай маротибаи саввум аст, ки Раисӣ, Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонӣ мехонад.Бар хабари котиботи роҳбари давлат бегоҳи рӯзи якуми май Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Эрон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Маҳз дар ҷараёни ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба Эрон даъват шуд.Манбаъ меафзояд, дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик гуфтанд.Даъват шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ЭронГуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ, файзу баракот ва дар роҳи пешрафту шукуфоӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу намуданд.Дар идомаи суҳбат президентҳо ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки минбаъдаи ҷонибҳоро ҷиҳати рушду таҳкими пайгиронаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар баррасӣ намуданд. Миёни ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилаливу минтақавии мавриди назари тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти Эрон дар солрӯзи Эмомалӣ Раҳмон унвонии ӯ барқияи шодбошӣ ирсол кард ва дар мактуби табрикотияш роҳбари давлатро ба Эрон хонда буд.Зимнан, моҳи марти соли ҷорӣ зимни суҳбати телефонии вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Эрон даъвати Раисӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Эрон изҳор дошта шуд.
https://sputnik.tj/20220223/raisi-hamsoyaho-kumak-hukumati-farogir-afghoniston-1046184692.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042349737_163:0:2892:2047_1920x0_80_0_0_646e0cc7a29cde588e3956595241801b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон эрон раисӣ
эмомалӣ раҳмон эрон раисӣ
Раҳмон ба Эрон меравад? Раисӣ маротибаи саввум президенти Тоҷикистонро даъват кард
Кишвардори Ҷумҳурии Эрон аллакай маротибаи саввум ҳамтои тоҷики худро баро анҷом додани сафари расмӣ ба меҳмонӣ даъват мекунад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои эронии ӯ Саидиброҳим Раисӣ ба Эрон даъват намудааст. Ин аллакай маротибаи саввум аст, ки Раисӣ, Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонӣ мехонад.
Бар хабари котиботи роҳбари давлат бегоҳи рӯзи якуми май Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Эрон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Маҳз дар ҷараёни ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба Эрон даъват шуд.
Манбаъ меафзояд, дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик гуфтанд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ, файзу баракот ва дар роҳи пешрафту шукуфоӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат президентҳо ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки минбаъдаи ҷонибҳоро ҷиҳати рушду таҳкими пайгиронаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар баррасӣ намуданд.
Миёни ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилаливу минтақавии мавриди назари тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти Эрон дар солрӯзи Эмомалӣ Раҳмон унвонии ӯ барқияи шодбошӣ ирсол кард ва дар мактуби табрикотияш роҳбари давлатро ба Эрон хонда буд.
Зимнан, моҳи марти соли ҷорӣ зимни суҳбати телефонии вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Эрон даъвати Раисӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Эрон изҳор дошта шуд.