https://sputnik.tj/20220502/namozi-idi-fitr-muhojironi-mehnati-maskav-video-1048141735.html
Намози Иди Фитр бо иштироки ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав - видео
Намози Иди Фитр бо иштироки ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав - видео
Sputnik Тоҷикистон
Бомдоди рӯзи 2 май ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар масоҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав намози иди Рамазонро адо карданд
2022-05-02T19:00+0500
2022-05-02T19:00+0500
2022-05-02T19:00+0500
дар русия
маскав
видео
иди рамазон
иди фитр
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048140326_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_86f27d74e6e028a89a0cd934b07950c1.jpg
Субҳи имрӯз ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои собиқӣ Шӯравӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои адои намози Иди Фитр ба масҷиди марказии шаҳри Маскав рафтанд.Чандин ҳазор нафар аз мусулмонон имрӯз дар Маскав намози ид гузоштанд. Азбаски бузургтарин масҷиди Маскав дар ҷодаи Сулҳ ҳамаро ғунҷонда наметавонист, аксрият дар хиёбонҳои атрофи он намоз гузоштанд.Пас аз амри маъруф ва суханони табрикии бо иштироки Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин намози Иди Фитр баргузор шуд.Баъд аз анҷоми намози ид аксарияти муҳоҷирон ба хонаҳои наздикону рафиқони худ мераванд то ба Ид онҳоро табрик намоянд.Ёдрас мешавем, ки қаблан Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав Аршабаев Марат пештар гуфта буд, ки баъд аз солҳои 2000-ум теъдоди намозгузорон дар Масҷид ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аксари нафароне, ки имрӯзҳо ба Масҷиди ҷомеъи Маскав меоянд шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.Лозим ба ёдоварист, ки моҳи шарифи Рамазон, имсол аз 2-уми апрел оғоз шуда, то 2-май идома ёфт.Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад.Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048140326_331:0:1771:1080_1920x0_80_0_0_398cc98fc4a12dfedc9d00b06ec64c74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, маскав, муҳоҷирон, иди фитр, намоз, масҷид, видео
русия, маскав, муҳоҷирон, иди фитр, намоз, масҷид, видео
Намози Иди Фитр бо иштироки ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав - видео
Бомдоди рӯзи 2 май ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар масоҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав намози иди Рамазонро адо карданд
Субҳи имрӯз ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои собиқӣ Шӯравӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои адои намози Иди Фитр ба масҷиди марказии шаҳри Маскав рафтанд.
Чандин ҳазор нафар аз мусулмонон имрӯз дар Маскав намози ид гузоштанд. Азбаски бузургтарин масҷиди Маскав дар ҷодаи Сулҳ ҳамаро ғунҷонда наметавонист, аксрият дар хиёбонҳои атрофи он намоз гузоштанд.
Пас аз амри маъруф ва суханони табрикии бо иштироки Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин намози Иди Фитр баргузор шуд.
Баъд аз анҷоми намози ид аксарияти муҳоҷирон ба хонаҳои наздикону рафиқони худ мераванд то ба Ид онҳоро табрик намоянд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав Аршабаев Марат пештар гуфта буд, ки баъд аз солҳои 2000-ум теъдоди намозгузорон дар Масҷид ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аксари нафароне, ки имрӯзҳо ба Масҷиди ҷомеъи Маскав меоянд шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи шарифи Рамазон, имсол аз 2-уми апрел оғоз шуда, то 2-май идома ёфт.
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад.
Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.