Ҳавои иди Фитр дар Тоҷикистон чӣ гуна аст

© Sputnik / Амир ИсаевДети на улицах Душанбе на Иди Рамазан
Дети на улицах Душанбе на Иди Рамазан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон аз субҳи барвақт ба таҷлил намудани Иди саиди Фитр шурӯъ намуданд. Ҳавои идонаи кишвар бебориш ва гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносии кишвар дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-3 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар қисмати шарқӣ шабона 0-5 дараҷа сардӣ ва рӯзона 8-13 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро тағйирёбанда пешгӯӣ намуда дар баъзе ноҳияҳо шамоли шадид дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Таманниёт ва тавсияҳои Раҳмон ба тоҷикистониён дар арафаи иди Фитр
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18-23 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 15-17 ва рӯзона 32-34 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0