Чаро дастаи “Истаравшан” аз хидмати сармураббии эронӣ даст кашид?

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкФутбольный тренер,
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2022
Обуна шудан
Ахиран дастаи футболи “Истаравшан” эълон кард, ки дар мувофиқаи дуҷониба шартномаи ҳамкорӣ бо сармураббии эронӣ қатъ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар ин бора манобеъ аз Федератсияи футболи Истаравшан ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Бино бар иттилои манбаъ, ахиран таҳти роҳбарии раиси Федератсияи футболи Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо иштироки директори клуби футболи “Истаравшан” Алишер Фозилов, сармураббии даста Ризо Паркас ва капитани даста Илҳом Баротов ҷаласаи кории Федератсияи футболи Истаравшан баргузор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа натиҷаҳои чор бозии дастаи футболи “Истаравшан” дар Лигаи олии Тоҷикистон муҳокима гардида, мушкилоти ҷойдошта, камбудиҳои мавҷуда ва дигар омилҳои таъсиррасон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
“Бо назардошти масъалаҳои мавҷуда роҳбарияти Федератсияи футболи Истаравшан ва клуби футболи “Истаравшан” якҷо бо сармураббии даста Ризо Паркас ба мувофиқа расинданд, ки шуруъ аз оғози моҳи майи соли ҷорӣ шартномаи ҳамкориро қатъ намоянд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки Федератсияи футболи Истаравшан ба Ризо Паркас барои фаъолият дар клуби футболи “Истаравшан” изҳори сипос баён кард.
Рустам Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфои Рустам Хоҷаевро қабул накард
Ҳамзамон, мақомоти Истаравшан илова кардааст, ки бо назардошти хулосаи ҳосилгардида шартномаи ҳамкорӣ бо ёрдамчии сармураббӣ Шуҳрат Шамсиев низ қатъ карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки дастаи футболи “Истаравшан” аз чор бозӣ ҳамагӣ 4 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 7 қарор дорад, ки натиҷаи мазкур барои амалӣ кардани нақшаи пешгузоштаи Федератсияи футболи Истаравшан ҷавобгӯ намебошад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Рустам Хоҷаев аз мақоми сармураббигии бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфо дод, ки ин нахустин чунин ҳолат дар мавсими нави футбол буд.
Аммо роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфои сармураббии даста Рустам Хоҷаевро қабул накарда, барои идомаи кор бо ӯ созиш кардааст.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Бошгоҳи "Хуҷанд", ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, аз рӯи шартнома, то оғози мавсими тобистонаи трансферӣ, ки 2 июл шуруъ мешавад, Хоҷаев дар мақомаш кор мекунад.
Рустам Хоҷаев ба "Хуҷанд" январи 2021 омада буд. Ӯ аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо ин тим Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.
Дар мавсими 2020 Хоҷаев ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд ва бо рафтани ӯ ба раҳбарии даста баромад.
Ӯ 49 сол дошта, солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0